spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ӯзбекистон: пешниҳоди маҳдуд кардани шахсоне, ки воксин нагирифтаанд

Муовини раиси Палатаи қонунгузори Олий Маҷлис, пешвои ҳизби «Миллий тикланиш» Алишер Қодиров аз пешниҳоди ҷорӣ намудани ваксингирии ҳатмӣ аз коронавирус дар Ӯзбекистон ҷонибдорӣ намуд.

Ба гуфтаи вакил, корфармо ваксингириии кормандонро аз коронавирус ҳатмӣ карда метавонад, то ки фаъолияти муътадили ҳайати шахсиро таъмин созад, хабар медиҳад Centralasian.org.

Барои асосноккунии ин нуқтаи назар Қодиров ба моддаи 212 Кодекси меҳнати Ӯзбекистон такя мекунад.

“Ваксингирии шумо ҳатмӣ нест. Лекин ҳукумат, ки барои таъмини амният масъули асосӣ аст, бояд баҳри таъмини бехатарии эпидемиологӣ, нисбати шахсоне, ки ваксина нагирифтаанд, маҳдудият ҷорӣ намояд”, – навиштааст ӯ дар шабакаи Telegram-и худ.

Ба гуфтаи Қодиров, ҳар як ӯзбекистонӣ набояд фаромӯш созад, ки “шаҳрванди озод аст, лекин назди ҷомеа уҳдадориҳо дорад”.

“Айни замон роҳи ягонаи боздошти вирус ваксинагирӣ аст, аз ин рӯ, мо бояд пеш аз ҳама барои бехатарии худ ва наздиконамон, инчунин шахсони гирду атрофамон ваксина гирем”, – изҳор доштааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 26 июн пешвои ҳизби «Миллий тикланиш» эълом дошт, ки ӯ аз ваксинаи ZF-UZ-VAC2001-и истеҳсоли Ӯзбекистону Чин эм гирифтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...