spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Шаҳрдории Душанбе маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбонро муайян кард

Шаҳрдории Душанбе Рустами Эмомалӣ дар арафаи Иди Қурбон барои куштани чорво дар шаҳр танҳо дар ҷойҳои махсус ҷудошуда иҷозат додааст. Дар ин бора сӯхангӯи шаҳрдори Ҷамшед Олимов ба “Азия плюс” хабар дод.

Манбаъ гуфт, ки, забҳи чорво дар минтақаҳое, ки солҳои пешин муқарар шуда буд, иҷозат дода шудааст.

Куштани чорво дар рӯзи Иди Қурбон дар ноҳияи Шоҳмансур дар кӯчаи Шукуҳӣ 44 иҷозат дода шудааст. Дар маҳаллаи Хайробод чорворо метавон дар  назди масҷиди маҳаллӣ, дар микрараёнҳои 192 ва 193 дар маҳаллаи №15, дар кӯчаи Бустон 107, дар кӯчаи Қаротегин 3, дар маҳаллаи Гулобод-дар наздикии қаҳвахонаи “Неъмат”, дар кӯчаи Имомов 36/2, дар маҳаллаи Теппаҳои шарқӣ- дар минтақаи 9, дар кӯчаи Назаршоев  347, дар кӯчаи Шодӣ 65, маҳаллаҳои Қуштеппа (1 Май), Ховарон, Зебуниссо, Якутут 1, 2, Чилмеҳроб, Фалакон, дар кӯчаҳои Восеъ, Айнӣ 259, Чиноро 2 ва Восифӣ 1 забҳ кард.

Куштани чорво дар ноҳияи Фирдавсӣ мумкин аст: дар кӯчаи Қаҳҳорров (наздикии Фабрикаи шири “Саодат”), маҳаллаи Гулбутта, кӯчаҳои Неъмат Қарабоев шаҳраки 24, Мир Алӣ  шаҳраки 42, шаҳракҳои 46, 61, 62, 63, 64, 65 ва маҳаллаи Қаротегин.

Дар ноҳияи Сино дар рӯзи ид ба куштани чорво дар кӯчаҳо Пахтакор 70, Тургенев 29, Наврӯз 280, Фурузон 162, дар маҳаллаи Роҳи нав-кӯчаи Раҳмон Набиев 292/2, кӯчаи Камоли Хуҷандӣ, маҳаллаи Чортут, Ҳилолӣ 33, маҳаллаи Яккачинор, кӯчаи Лермонтов 466, кӯчаи Ҳувайдуллоев 12 А, маҳаллаи Дӯстӣ, маҳаллаҳои Ҳаёти нав, Ҳаёти нав 313, маҳаллаҳои Меҳнатобод, Бунёдкорон 7, Ободкорон 70, маҳаллаи Испечак 1, 2, Лучоби боло ва поён, маҳаллаи Арғувон-кӯчаи Шодоб 153, маҳаллаи Камонгарон- кӯчаи Ҳувайдуллоев 252, маҳҳаои Қазоқон 1, 2  кӯчаи Панҷруд 125, маҳаллаи Навободи боло ва поён, кӯчаи Ҳамадонӣ, 27/3, кӯчаи Мехкалон 50, маҳаллаи Деҳи боло 222, Шараф 79, маҳаллаи Меҳробод иҷозат дода мешавад.

Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ куштани чорво дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ-дар наздикии Маркази гармидиҳи (ТЭЦ)-и Душанбе иҷозат дода шудааст.

Ёдрас мешавем, ки аз соли 2007 то 2017, дар рӯзи таҷлили Иди Қурбон дар пойтахт забҳи чорво қатъиян манъ буд. Аз соли 2017, шаҳрдори нави Душанбе Рустами Эмомалӣ дар шаҳр дар ҷойҳои махсус ҷудошуда қурбонӣ карданро иҷозат дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...