spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ёрӣ хостани пайвандони Иззат Амон барои барқарор кардани зарари молие, ки ӯ муттаҳам мешавад

Наздикони Иззат Амон бо нашри як муроҷиати видеоӣ, хостори ҷамъоварии маблағ барои барқарор кардани зараре шудаанд, ки шикояткунандагони ин қазия хостаанд. Дар ин видео, ки 12 соат пеш дар Ютуб нашр шудааст,  писари Иззат Амон, Муҳаммадюсуф Холов бо намояндагӣ аз номи падараш  суҳбат мекунад ва мегӯяд, ки онҳо бори нахуст, расман барои расонидани ёрӣ, муроҷиат мекунанд.

Муҳаммадюсуф Холов, субҳи имрӯз, 21-уми июл дар суҳбат бо "Азия-Плюс" гуфт, ки ҳоло маблағи дақиқе, ки гӯё падараш ба бархе корафтодаҳо ҳангоми дар Русия буданаш зарар расонидааст, маълум нест.

"Ҳоло маблағ маълум нест. Миқдороре, ки дар нишасти Додситонии кул гуфтанд, он ҳам ҳадди ниҳоӣ нест. Додгоҳ муайян мекунад, ки чӣ қадар бояд пардохта шавад. Аммо ба ҳисобу китоби пешакии мо бештар аз як миллион рубли русӣ лозим аст",-мегӯяд Муҳаммадюсуф.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Шариф Қурбонзода, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилии Додситонии кулли Тоҷикистон, дар нишастии хабарии ин ниҳод гуфт, ки то кунун алайҳи Иззат Амон 12 шаҳрванд муроҷиат кардааст, ки гумонбар давоми солҳои 2014-2020 аз он онҳо маблағҳои гуногунро барои анҷом додани корҳои муайян гирифта, фиреб додааст.

"Ҳоло муайян шудааст, ки Холов Иззатуло аз ин шаҳрвандон маблағҳоро барои аз маҳбас озод кардани хешовандонашон, барои қонунӣ кардани будубошашон ва барои бекор кардани қарори ихроҷашон аз ҳудуди Русия ва корҳои дигар гирифта, маблағҳоро аз худ намудааст. Ҳаҷми умумии зарари расида ба ин 12 нафар 630 ҳазор рубли русӣ ва 1000 доллари амрикоиро дар бар мегирад",-гуфт ин масъули Додситонии кулл.

Дар ҳоли ҳозир аз ҳамин зарари расида, танҳо ба як нафар 5 ҳазор рубл баргардонида шудаасту халос,- гуфт Қурбонзода.

МЕДИА (YOUTUBE)

Муҳаммадюсуф Холов мегӯяд, ки ҳарчанд аз номи падараш ва наздикони дигари онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, нафарони ношиносу қаллоб саҳифа кушодаанду барои Иззат Амон пул ҷамъ мекунанд, аммо онҳо бори аввал аст, ки барои ёрии молӣ муроҷиат мекунанд. 

Ба гуфтаи писари Иззат Амон, то кунун баъзе аз дӯстони наздикони  падараш барои баъзе масориф, аз ҷумла ҳаққи хидмати вакили дифоъ баъзе ёриҳои молӣ кардаанд, ки падараш ва хонаводашон аз ҳамаи онҳо розиянд.

Барои ҷамъоварии ёрии молӣ, наздикони Иззат Амон дар Русия корти бонкии ҳамсари ӯ Сайёра Тағоева – 4279380673908945 (Сбербанк)  ва дар Тоҷикистон корти худи Муҳаммадюсуф Холов – 5058270280623983 (Алифбонк/корти миллӣ)-ро пешниҳод кардаанд.

Наздикони Иззат Амон аз ҳамаи онҳое, ки то ин дам ёрӣ кардаанд ва минббаъд ҳам ёрӣ мекунанд, изҳори миннатдорӣ кардаанд ва гуфтаанд, ки бояд хеле эҳтиёт бошанд, ки фиреби қаллобонро нахӯранд ва барои равон кардани маблағ бояд пешакӣ хеле мутмаин шаванд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Додситонии кулл: Иззат Амон дар қаллобии 630 ҳазор рублу 1000 доллар муттаҳам мешавад

Муттаҳам шудани Иззат Амон ба аз худ кардани ин миқдор маблағ аз сӯйи додситонӣ дар ҳолест, ки пештар наздикони ӯ бархе даъвоҳоро беасос дониста, гуфта буданд, ки худи Иззат Амон бархе аз шикояткунандаҳоро умуман намешиносад.

Қазияи Иззат Амон яке аз қазияҳои пурсарусадо дар Тоҷикистон аст. Баъди дар Русия бедарак ва дар Тоҷикистон боздошт шудани ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, бархе аз муҳоҷирони тоҷик дар русия даст ба эътирози оммавӣ заданд.

Иззат Амон, роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия  рӯзи 25-уми март дар Русия нопадид шуд ва наздиконаш ба расонаҳо гуфтанд, ки дигар ӯро пайдо карда наметавонанд. Баъдан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки Русия ҳаққи шаҳрвандии Иззат Амонро бекор ва ӯро ихроҷ кардаасту ӯ ба Душанбе баргаштааст. 

ВКД гуфт Иззат Амонро дар Душанбе боздошт кардааст ва алайҳи ӯ бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...