Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Қирғизистон сокини Исфараро дар убури ғайриқонунии марз муҷрим шинохт: ё 55 ҳазор сомонӣ ҷарима ё як соли зиндон - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Қирғизистон сокини Исфараро дар убури ғайриқонунии марз муҷрим шинохт: ё 55 ҳазор сомонӣ ҷарима ё як соли зиндон

10
10

Пайвандони Саидмурод Ишанов, як сокини 47-солаи ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфара мегӯянд, додгоҳи вилояти Бодканди Қирғизистон ӯро дар убури ғайриқонунии марзи давлатӣ айбдор кард. Ҳукми додгоҳ оғози моҳи июл содир шуда ба гуфтаи пайвандонаш барои озодии ӯ 55 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё як сол паси панҷараро раво диданд.

Ин сокини шаҳри Исфара рӯзи 1-уми май дар марзи деҳаи Боғистони ҷамоати Чилгазӣ бо деҳаи Равоти вилояти Бодканд боздошт шуда буд. Он вақт пайвандонаш иддао доштанд ӯро шаҳрвандони мулкии қирғиз ғайриқонунӣ боздошт ва ба мақомоти пулиси Бодканд супурдаанд.

Аммо раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода рӯзи 19-уми июл  дар нишасти хабариаш ба Радиои Озодӣ гуфтааст “мо гуфтушунид дорем ва ин шаҳрвандро озод мекунем. Вай ғайриқонунӣ сарҳадро убур кардааст"

Қобилҷон Азимов бародари Саидмурод Ишанов дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, додгоҳи вилояти Бодканд бародарашро дар убури ғайриқонунии марзи давлатӣ айбдор кард. Ӯ гуфт ҳукми додгоҳи вилояти Бодканди Қирғизистон рӯзи 6-уми июл содир шуд. Додгоҳ барои озодии ин сокини Исфара 55 ҳазор сомонӣ ё 350 ҳазор соми қирғизӣ муодили тахмин 4,5 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима таъин кардаст ё бар ивази як сол маҳруми аз озодиро раво дидааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Қирғизистон баъди даргириҳои марзӣ як сокини Исфараро боздошт кардааст ва раҳо намекунад

Аммо пайвандонаш гуфтанд пардохти чунин ҷарима барои ин оилаи камбизоат хело душвор буд, натавонистанд ва баъди ҳукми додгоҳ низ ба ҳеҷ куҷое муроҷиат накардаанд. Қобилҷон Азимов мегӯянд, то марҳилаи додгоҳӣ коре аз дасташон наомад.

“Бо бародарам чанд рӯз пештар суҳбат кардам ӯ, ки қариб се моҳ пеш боздошт шуда буд гуфт дар ин муддат 6 моҳи ҳабсро паси сар кардааст чунки як рӯзи боздошташ ду рӯз ҳисоб мешудааст. Аз Қирғизистон адвокат гирифтем, ӯ низ мегӯяд, моҳи август бародарамро ба амнистия ворид мекунад ва эҳтимол охири моҳи август ва ё сентябр озод шавад ва ба Тоҷикистон баргардад”.

Боздошти ин сокини Исфара баъди даргириҳои хунини 28-29-апрел ва дар он шабу рӯзи назорати қатъии марзи давлатӣ сурат гирифт. Қаблан  пайвандони Саидмурод Ишанов иддао доштанд, ки ӯро санаи 1-уми май дар марзи маҳаллаи Дӯстии Чилгазӣ бо деҳаи Равоти вилояти Бодканд ғайрқонунӣ боздошт карданд. Марзи ин ду деҳаро танҳо як ҷӯйи бетонӣ аз ҳам ҷудо мекардааст.   

Баъди ин боздошт пайвандони Саидмурод Ишанов ба ниҳодҳои интизомӣ ва мақомоти шаҳри Исфара нома навиштанд, то ҳарчи зудтар дар озод шудани ӯ кӯмак кунанд.

Қаблан Нуриддин Каримов, раиси ҷамоати Чилгазии шаҳри Исфара дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфта буд аз боздошти ин сокини ҷамоат ӯ ва мақомоти дигари қудратӣ огаҳанд ва роҳи озод кардани ӯро ҷуста истодаанд. Ӯ низ гуфта буд Саидмурод Ишанов марзи давлатиро убур карда ҳангоми ба назди як шиноси қирғизаш рафтан дар деҳаи Равоти вилояти Бодканд аз ҷониби мақомоти полиси Қирғизистон боздошт шудааст.

Аз Саидмурод Ишанов як устои маҳаллӣ ном мебаранд, ки хонаву дар надорад ва бо чаҳор фарзанду ҳамсар дар манзили бародараш, дар кӯчаи Шаҳраки деҳаи Чилгазӣ зиндагӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...