Бори нахуст дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ омодабошии ҷангии кишвар санҷида шуд.
Дар ин чорабинии санҷишӣ 100 ҳазор нафар афсарону сарбозони Вазорати мудофиаи кишвар, Гвардияи миллӣ, ВКД, КДАМ ва дигар сохторҳои қудратӣ, инчунин 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ ширкат варзиданд.
Дар чорабинии зикршуда, ки таҳти унвони «Марз-2021» гузаронида шуд, 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ дар самтҳои амалиётӣ ба минтақаҳои иҷрои вазифаи ҷангӣ бароварда шуданд.
Наворҳои ҷолиб аз санҷиши якрӯзаи омодабоши ҷангии кишвар
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.