Бо дархостҳои Прокуратураи генералии Тоҷикистон ду далели куштори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ифшо шуд.
Аз ҷумла, куштори як сокини 56-солаи шаҳри Норак ва як сокини 50-солаи вилояти Суғд ошкор шуд. Ҷасади онҳо бо аломатҳои марги маҷбурӣ мутаносибан дар моҳҳои сентябр ва декабри соли 2019 ба Душанбе оварда шуда, Додситонии кулли Тоҷикистон доир ба таҳқиқоти онҳо дархостҳои дахлдор фиристод.
"Дар ҷараёни амалҳои муштараки хадамоти дахлдори Тоҷикистону Русия ба гумони даст доштан дар қатли сокини 56-солаи шаҳри Норак Гулаҳмад Довудов шаҳрванди Русия Л.Брежнева боздошт шуд", – хабар медиҳад маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ.
Гуфта мешавад, тафтишот муайян кардааст, ки Л.Брежнева зимни муноқиша дидаю дониста бо корд ба шиками Довудов чор зарба задааст, ки дар натиҷа ӯ захми ҷиддӣ гирифта, дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст.
“Суди шаҳри Звенигороди вилояти Маскав Л.Брежневаро ба 8,5 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард”, – омадааст дар хабар.
Дар ҳолати дигар бо қарори суди ноҳияи Симоновскийи шаҳри Маскав шаҳрванди Русия Ш.Канназаров барои қатли шаҳрванди Тоҷикистон – сокини 50-солаи вилояти Суғд Эркин Каримов ба 8 соли зиндони низомаш шадид маҳкум карда шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.