Бонки Халқии Қазоқистон қарори Шӯрои директорони ин бонкро дар бораи ихтиёран барҳам додани бонки фаръӣ дар Тоҷикистон – ҶСП "Халиқ бонк Тоҷикистон" эълон кард.
Маълумот дар ин бора рӯзи 4 август дар сомонаи бонки Қазоқистон нашр шуд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Бонк, қарори барҳамдиҳии "Халиқ бонк Тоҷикистон" (ХБТ) аз ҷониби Шӯрои директорони бонк 30 июли 2021 қабул карда шудааст.
"Қарор дар бораи ихтиёран барҳам додани бонки фаръӣ дар Тоҷикистон дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолият ва дурнамои рушди бонки фаръӣ қабул карда шуд", – омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, мутобиқи принсипи стратегии рушди соҳаҳои бештар ояндадори тиҷорат, гурӯҳи Halyk тасмим гирифт, ки аз лоиҳа дар Тоҷикистон хориҷ шавад, то ки тамаркузи захираҳо ва саъю кӯшиши Гурӯҳро ба лоиҳаҳои самаранок ва фоидаовар бо иқтидори бузурги рушди минбаъда равона созад.
ХБТ дар натиҷаи хариди ҶСК "Казкоммерсбонк" дар соли 2017 ба гурӯҳи Halyk дохил шуд. 100% саҳмияҳои бонк ба ҶСК “Бонки халқии Қазоқистон” тааллуқ доштанд. Ба ҳолати 31 марти соли 2021 ҳиссаи ХБТ дар дороиҳои гурӯҳи Halyk 0,03%-ро ташкил медод.
Сармояи оинномавии ХБТ дар оғози фаъолият дар Тоҷикистон ба ҳудуди 35 млн сомонӣ баробар буд.
ҶСП "Халиқ бонк Тоҷикистон" аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо асъори миллӣ ва хориҷӣ иҷозатнома дошт.
Дафтарҳои кории ин бонк дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд фаъолият мекарданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.