Корбарони интернет дар Туркманистон шикоят доранд, ки мақомот аз онҳо мехоҳанд, бо Қуръон қасам ёд кунанд, ки барои ворид шудан ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарӣ аз VPN истифода намебаранд. Дар бораи Радиои Озодӣ хабар медиҳад.
"Ман як сол пеш барои гузаронидани хати интернет ба манзилам ариза додам. Билохира хати интернет то манзили ман расид, ҳоло аз ман талаб доранд, бо Қуръон қасам ёд кунам, ки аз хадамоти VPN-ҳо истифода намебарам. Вале бидуни VPN намешавад, ба сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии мавриди писанд ворид шуд", – гуфтааст як сокини Туркманистон бо номи Айнур.
Дар Туркманистон бисёре аз шабакаҳои иҷтимоии маъруф, сомонаҳои хабарӣ бастаанд ва бидуни VPN боз намешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.