Президенти Русия Владимир Путин ба ҳукумат дастур додааст, ки дар заминаи чораҳои устувор кардани нархи маводи ғизоӣ дар Федератсияи Русия ҷиҳати зиёд кардани воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз кишварҳои ИДМ тадбирҳо рӯйи даст гирифта шаванд, менависад "Коммерсантъ".
Аз номгӯйи дастурҳои президент дар машваратҳо бо аъзои ҳукумат бармеояд, ки то 1 сентябри соли 2021 бояд дар ин хусус гузориш омода шуда, минбаъд он ҳар семоҳа таҳия гардад. Масъул дар ин масъала сарвазири Русия Михаил Мишустин таъин шудааст.
Ғайр аз ин, президент ба Хадамоти федералии зиддиинҳисорӣ супориш додааст, ки пайгирӣ (мониторинг)-и нархгузориро ба маҳсулоти хӯрокворӣ, ки тариқи шабакаҳои савдо фурӯхта мешаванд, таъмин кунад. Ин гузориш низ бояд то 1 сентябр омода шавад.
Охири моҳи июн Владимир Путин дар посух ба савол дар бораи гаронии сабзӣ дар Русия изҳор намуд, ки “ба кишвар “маҳсулоти худӣ нарасид”. Ба гуфтаи ӯ, нархҳо ба ҳамаи сабзавот боло рафтанд.
Ёдрас мекунем, ки зимни нишасти матбуотии рӯзи 2 август директори Агентии содироти назди ҳукумати ҷумҳурӣ Шавкат Бобозода изҳор дошт, ки дар зарфи шаш моҳи соли 2021 Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1,2 млрд доллар маҳсулот содир кард, ки ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта 88,3% бештар аст.
"Ин нишондиҳандаи рекордӣ дар таърихи муосири Тоҷикистон аст", – гуфт роҳбари Агентӣ.
Тибқи маълумоти ӯ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,7% афзоиш ёфтааст: беш аз 106 ҳазор тонна сабзавот ва мева ба хориҷа фурӯхта шудааст. Ҳиссаи асосии содиротро пиёз – 84,7 ҳазор тонна ва меваи хушк – тақрибан 12 ҳазор тонна ташкил додааст.
Бобозода махсусан қайд кард, ки имсол бори нахуст маҳсулоти кишоварзӣ мустақиман аз саҳроҳои вилояти Хатлон содир карда шуд.
"Зиёда аз 50 дарсади молҳо аз ҷумҳурӣ ба Чин, Туркия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Белгия фиристода шуданд. Ба туфайли баргузории форуми “Бохтар Фуд-2021 "имкон пайдо шуд, ки бо мизоҷони хориҷӣ робитаи мустақим ба роҳ монда шавад", – иброз дошт вай.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.