Ба гумони даст доштан дар қатли ваҳшиёнаи 4 нафар – падар ва се нафар фарзандони ӯ ду нафар боздошт шуданд.
Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ба гумони содир намудани ин ҷиноят мардони 37 ва 33-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи мазкур дастгир карда шуданд.
Аз ҷузъиёти боздошт, инчунин сабабҳое, ки ҷинояткоронро ба содир намудани чунин амал водор намудааст, маълумот дода намешавад.
Ёдрас мекунем, ки ин ҳодисаи фоҷеабор12 июни соли равон дар деҳаи Тарғок (собиқ совхози ба номи Жданов)-и ноҳияи Ҷайҳун рух дод.
Он замон бо табар ё ашёи дигари ба он монанд Аҳлиддин Маҳмадови 39-сола ва се писари ноболиғи 8, 13 ва 14-солаи ӯ кушта шуданд. Модари ин хонавода бо як писари 11-солааш тавонистанд, ки фирор кунанд ва дар беморхона баъди табобат солим шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.