spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Гумонбари куштори ваҳшиёнаи 4 нафар дар Ҷайҳун: “гуфтанд бо зани ман мегардад”

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як навор ҳодисаи пурсарусадои қатли ваҳшиёнаи сокини Ҷайҳун ва се фарзанди ӯро муфассал шарҳ додааст. Дар навор гумонбарон нақл мекунанд, ки чӣ гуна бо як бераҳмии хос узви як оиларо бо истифода аз табар “дар заминаи хусумату бадбинӣ ва рашк” ба қатл расонидаанд.

Дар навори ВКД аз гумонбарон ҳамдеҳагони ҷабрдида, сокинони ноҳияи Ҷайҳун Қиёмиддин Насриддинов ва Ҳайбуллоев Маҳмадғаюр ном бурда мешавад.

Қиёмиддин Насриддинов яке аз гумонбарон дар навор нақл мекунанд, ки дусташ Ҳайбуллоев Маҳмадғаюр гуфтааст, ки ҷабрдида Аҳлиддин Маҳмадов бо оилаи вай мегардад ва мавсуф ҳамроҳи Ҳайбуллоев Маҳмадғаюр аз ҳисоби рашк узви оилаи Аҳлиддинро ба қатл расондааст.

– Рӯзи ҳодиса оилаам хонаи хушдоманам рафт, шом ман ҳам хонаи хушдоманам рафтам. Дар ҳамон ҷо бо оилаам ҷанҷол шуд. Баъд рафта Аҳлиддинро фарёд кардем, ҷанҷол кардем. Аҳлиддин оилаашро кашид бурд, оилаи ман хонаам рафт, ман хонаи хушдоманам омадам. Соати 2 шаб хестам лабосҳоямро пушидам, ҳамроҳи Ҳайбуллоев Маҳмадғаюр ду табарро гирифта, хонаи Аҳлиддин рафта, якум Аҳлиддина бо занашу як бачааш задем, аз онҷо баромада, дар хонаи дуюм бачаҳои дигарашро задем. Соляркаро чошида, хонаҳоро оташ задем, – чунин нақл мекунад рафти ҳодисаро гумонбар Қиёмиддин Насриддинов.

МЕДИА (YOUTUBE)

Гумонбари дуввум низ ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунад ва мегӯяд, ки рафти ҳодисаро се рӯз пеш ҳамроҳи Қиёмиддин Насриддинов маслиҳат карда буданд ва чунин ҷиноятро ӯ ҳамроҳи Қиёмиддин содир кардааст.

Дар ин навор, ки 18 август нашр шудааст, дида мешавад, ки чӣ гуна ягона шоҳиди ин ҳодиса, ҳамсари хонадон Латофат Азизова, ки дар ин ҳамла зинда монда буд, бо ишора ба сӯи яке аз гумонбарон тасдиқ мекунад, ки маҳз ӯ ба хонаи онҳо ҳамла намуда, шавҳар ва се фарзандашро ба қатл расонид.

ВКД дар навор саҳнаи ҳодисаро нишон медиҳад, ки дар он хона ва дару девор аз хун оғушта буда, девор ва фарши он бозмонда аз сӯхтор аст.

Ин ниҳод мегӯяд, баъди ин ҳодиса ҳар гуна овоза ва тахмину гумонҳо байни мардум паҳн шуд ва ҳатто гумон мерафт, ки гумонбарони ин ҷинояти мудҳиш амали дасти гуруҳҳои террористӣ бошад, ки аз он сӯи марз омада вазъи осоиштаи кишвари моро халалдор карданианд.  Вале бо кӯмаки кормандони ҳифзи ҳуқуқ ин андеша ботил баромад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Гумонбарони ин ҷинояти мудҳиш

Гуфта мешавад, ки гумонбарон ба хотири нест кардани изи ҷиноят хонаро оташ задаанд.

Дар идома гуфта мешавад, ки ҳарду гумонбар моҳи апрели соли 2021 барои содир кардани ҷинояти дуздӣ дастгир шуда, нисбаташон ҷарима таъин гардида будааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Шарҳи додситонӣ дар мавриди куштори хонаводагӣ дар Ҷайҳун: бо табар куштанду хонаро оташ заданд

ВКД мегӯяд, вобаста ба ҷинояти мазкур нисбати гумонбарон бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки ин ҳодисаи фоҷеабор 12 июни соли равон дар ноҳияи Ҷайҳун рух дода буд. Он замон гуфта мешуд, ки  бо табар ё ашёи дигари ба он монанд Аҳлиддин Маҳмадови 39-сола ва се фарзанди ноболиғи 8, 13 ва 14-солаи ӯ кушта шуданд. Модари ин хонавода бо як писари 11-солааш тавонистанд, ки фирор кунанд ва дар беморхона баъди табобат солим шуданд.

Баъдан, ВКД Тоҷикистон хабар дода буд, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ба гумони содир намудани ин ҷиноят мардони 37 ва 33-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи мазкур дастгир карда шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...