Роҳбар ва назортачии маркази дилхушии “Шоми Хатлон” дар шаҳри Душанбе барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва иҷро накардани талаботи қонунии кормандони милитсия ба муҳлати 5-шабонарӯз ба ҳабсӣ маъмурӣ гирифта шуданд.
Дар ин бора, маркази матбуотии Раёсати ВКД дар пойтахт хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки 18-уми августи соли ҷорӣ? соати 22:50 масъулони тарабхона реҷаи кориро дар шаб вайрон намуда, берун аз вақти муқарраргардида ба фаъолият машғул шудаанд.
Гуфта мешавад, ки масъулини тарабхона бо овози баланду гушхароши мусиқӣ ва дашному ҳақоратҳои мизоҷони худ оромии сокинонро халалдор ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд.
– Ин амали онҳо боиси норозигии шаҳрвандон гардида, новобаста аз огоҳӣ ва таъкиди кормандони милитсия ҷиҳати риояи талаботи шаҳрдорӣ ва иҷрои реҷаи корӣ маъмурияти ин маркази дилхушӣ ба фаъолияти ғайриқонунии худ идома додаанд,-менависад Раёсати ВКД.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа, ки нисбати роҳбари тарабхона Миров Ғолибҷон ва назоратчӣ Шеров Сомон барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва иҷро накардани талаботи қонунии кормандони милитсия ҷиҳати батанзимдарории фаъолияти тарабхона 5-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин гардид.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.