Ҳаракати “Толибон”, ки тақрибан ҳамаи қаламрави Афғонистонро зери назорат дорад, ба роҳбари Ҷабҳаи муқовимат Аҳмад Масъуд талаб ё худ ултиматум пеш гузоштаанд, менависад Медуза.
Дар навори видеои рӯзи 22 нашршуда толибон изҳор менамоянд, ки ба Масъуд чор соат вақт медиҳанд, то ҷонибдоронаш силоҳашонро ба замин гузоранд.
Дар изҳорот Толибон огоҳ кардаанд, ки дар акси ҳол, ҷангиёни муқовимат "муҷозот хоҳанд шуд." Зимни муроҷиат наворҳои ҳаракати Толибон ба самти Панҷшер низ нишон дода шудаанд.
Аҳмад Масъуд, писари фармондеҳи саршиноси Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд дар мусоҳиба ба шабакаи телевизиони “Ал-Арабия” изҳор доштааст, ки таслим шуданӣ нест.
“Панҷшер ба Толибон таслим нахоҳад шуд ва агар ҷангҷӯён кӯшиш кунанд, ки ин вилоятро зери назорат гиранд, аъзои ҷабҳаи муқовимат омодаанд, ки бо онҳо мубориза баранд”, – гуфтааст вай.
Ба иттилои Reuters Аҳмад Масъуд зикр кардааст, ки “ин толибон бояд гузашт кунанд ва ҳукумате таъсис бидиҳанд, ки ба онҳо намояндагони тамоми неруҳо шомил шаванд".
“Агар “Толибон” аз муколама даст кашанд, ҷанг ногузир аст”, – таъкид доштааст роҳбари Ҷабҳаи муқовимат.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.