Кормандони постгоҳи марзии “Сариосиё” дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон далели интиқоли миқдори зиёди маводи нашъаоварро ошкор намуданд.
Тавре дафтари матбуоти Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон хабар медиҳад, соати 3:30 дақиқаи 25 август мошини боркаши тамғаи “Merсedes-Benz”, таҳти идораи шаҳрванди Тоҷикистон ба ин постгоҳ омадааст.
Гуфта мешавад, дар назари аввал ҳеҷ чизи шубҳаоваре мушоҳида нашуда, ронанда изҳор доштааст, ки мувофиқи ҳуҷҷат дар автомашина 20 тонна калоба бор карда шудааст.
Аммо зимни азназаргузаронии ядак (притсеп)-и автомашинаи боркаш бо ёрии сагони хидматӣ маълум шудааст, ки дар қисмати пеши ядак 93 бастаи полиэтиленӣ пинҳон карда шудааст.
“Баъд аз кушодани бастаҳо дар 82 баста 85 килою 505 грамм ҳероин ва дар 11 бастаи боқимонда 11 килою 425 грам ҳашиш дарёфт шудааст, – омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ба сурати умум, аз кӯшиши интиқоли 96 килою 930 грамм маводи мухадир пешгирӣ карда шудааст.
Зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далели содир шудани ҷиноят мақомоти гумрук парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.