Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон як гурӯҳи мардон ба ғорати бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии ин ноҳия даст задаанд.
Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, рӯзи 13 июн шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ тирезаи нуқтаи ташхиси техникии ШБДА дар ноҳияи Вахшро шикаста, ба дохили бино ворид мешаванд.
“Онҳо аз дохили як адад ҷевони оҳанин 3 ҳазору 920 сомонӣ ва ҳуҷҷатҳоро тасарруф намуда, ба самти номаълум ғайб мезананд”, – омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни баргузори корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар содир гардидани ин ҷиноят 4 сокини ноҳияи Вахш – бародарон Набиҷон ва Алиҷон Набиевҳо, Суннатулло Абдиев ва Умедҷон Аҳмадалиев боздошт шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, ду нафар аз боздоштшудагон пештар ҳам барои содир кардани ҷинояти дуздӣ маҳкум шудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати гумонбаршудагон мутобиқи моддаи 244 (Дуздӣ) Кодекси ҷинояти ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.