Бо ҳукми Суди олии Тоҷикистон Муҳаммадшо Биглюнов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ барои қатли бераҳмонаи бародари ҳамхуни худ ба 20 соли зиндон маҳкум шуд.
Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, муҳлати ҷазоро ӯ дар зиндони низомаш шадид адо мекунад.
Гуфта мешавад, маҳкумшуда 26 апрели соли 2021 тариқи телефони мобилӣ аз падараш мефаҳмад, ки бародараш Рамазон Биглюнов бо ӯ ҷанҷол намуда, барои зиёд истеъмол намудани нӯшокиҳои спиртӣ падарро аз хона рондааст.
“Биглюнов субҳи барвақт ба хонаи бародараш воқеъ дар шаҳраки Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ омада, ба ҷисми бародари дар хоб будааш бо корд 10 зарба мезанад”, – омадааст дар хабари прокуратура.
Зимнан зикр мегардлад, ки дар натиҷа Биглюнови хурдӣ дар ҷойи содир гардидани ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.