spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Афв дар Тоҷикистон. Киҳо озод мешаванд? Тамоми ҷузъиёти афви имсол

Дар Тоҷикистон, тавре пештар иттилоъ дода будем, афви навбатӣ ба иуносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди амал қарор мегирад, ки тибқи маълумоти пешакӣ дар доираи ин қонун 16 ҳазор афв мешаванд. Аз ин , 10 ҳазору 700 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои боқимондаи ҷазо озод мешаванд.

Аз ҷумла, 800 нафар гумонбаршавандаву айбдоршаванда, 350 нафар судшавандаг, қариб 3 ҳазор нафар маҳкумшуда аз муассисаҳои ислоҳӣ, 1 ҳазору 900 нафар маҳкумшуда аз колонияҳои ислоҳии сукунат ва 4 ҳазору 650 нафар маҳкумшуда аз нозироти корҳои ислоҳӣ озод карда мешаванд. Муҳлати ҷазои 5 ҳазору 300 нафар маҳкумшудагон кам карда мешавад.

Мо лоиҳаи қонунро омӯхтем. Мухтасар дар борааш маълумот медиҳем.

Киҳо авф мешаванд?

Мутобиқи моддаи 1 лоиҳаи қонун, аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда, маҳкумшудагони зерин озод карда шаванд:

– занон;

– ноболиғон;

– мардони аз синни 55 боло;

– маъюбони гурӯҳҳои I, II, III;

– шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4;

– беморони сили фаъоли узвҳои нафас ва дигар узвҳои бадан;

– беморони ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV мансуб донисташуда;

– иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо;

– шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд;

– шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Точикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд;

– шаҳрвандони хориҷӣ.

Мувофиқи моддаи 2 лоиҳаи қонун, маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ чиноят содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазои таъиншуда, аз адои ҷазо озод карда мешаванд.

Маҳкумшудагони зерин аз чазо ё адои чазо озод карда шаванд, агар:             нисбати онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шуда бошад;  нисбати онҳо ҷазо шартан татбиқ накарда шуда бошад; онҳо ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо карда истода бошанд; онҳо шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод шуда бошанд ва онҳо ба ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озоди алоқаманд набуда маҳкум шуда бошанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҷуброни зарар ба ҷойи адои муҳлати ҷазо

Нисбати шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаи 245, қисми 3 моддаи 246, моддаи 247, 253, моддаи 257, моддаи 264 ва моддаи 292 Кодекси ҷиноятии ҶТ (таҳрири соли 1998) пешбинигардида маҳкум шуда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ карда бошанд.

Инчунин маҳкумшудагони зерин, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона маҳкум шудаанд, аз адои ҷазо озод карда мешаванд: маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба муҳлати то панҷ сол аз озодӣ маҳрум шудаанд; маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шудаанд ва на камтар аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд ва маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкумшудаанд ва на камтар аз чор се ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд.

Маъмулан дар ҷумҳурӣ ба ифтихори солгарди ҷашнҳои давлатӣ авф эълон мешавад. Ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ дар соли 2019 зиёда аз 20 ҳазор нафар маҳкумшуагон мавриди авф қарор гирифтанд. Соли 2014 дар солгарди 20-солагии қабули Конститутсия қонуни авф 10 ҳазор нафар ва соли 2011 ба ифтихори ҷашни 20-умин солгари истиқлолияти давлатӣ – 15 ҳазор нафарро фаро гирифт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Пешбурди кадом парвандаҳо боз дошта мешавад?

Тибқи лоиҳаи қонун, парвандаҳои зерине, ки таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд ё аз тарафи судҳо баррасӣ нагардидаанд, қатъ карда мешавад:

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар Тоҷикистон 16 ҳазор нафар авф мешаванд

– оид ба ҷиноятҳое, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур аз тарафи шахсони дар моддаи 1 ҳамин Қонун пешбинишуда содир гардидаанд;

– нисбати шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд;

– нисбати шахсоне, ки қасдан ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд;

– 4)      нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои пешбининамудаи қисмҳои 3 ва 4 моддаи 245, қисми 3 моддаи 246, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 247, қисми 3 моддаи 253, қисми 3 моддаи 257, қисми 2 моддаи 264 ва моддаи 292 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998)-ро содир карда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ намудаанд.

Ба киҳо ва чӣ қадар муҳлати ҷазояшон кам карда мешавад?

Муҳлати ҷазои адонагардидаи маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо амали моддаҳои 1, 2, бандҳои сеюм ва шашуми моддаи 3, моддаҳои 4 ва 5 Қонуни мазкур татбиқ намегардад, кам карда мешавад:

– нисбати маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷинояти беэҳтиётӣ ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст-аз ду як ҳисса;

– нисбати маҳкумшудагоне, ки ба онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ҷазои маҳрум сохтан аз озодй таъин карда шудааст-аз ду як ҳисса;

– нисбати маҳкумшудагоне, ки ба онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст-аз се як ҳисса;

– нисбати маҳкумшудагоне, ки ба онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст-аз чор як ҳисса.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Афв ба киҳо дахл намекунад?

Муқаррароти моддаҳои 5 ва 6 Қонуни мазкур нисбат ба шахсон, ки ҷиноятҳои зерин содир намудаанд,татбиқ карда намешаванд:

– одамкушӣ;

– расонидани зарари вазнин ба саломатӣ;

– рабудани одам;

– хариду фурӯши одамон;

– таҷовуз ба номус;

– шиканҷа;

– ҷиноятҳои марбут ба фаъолияти террористӣ ва ифротгароӣ ва дигар.

Ғайр аз ин, авф нисбати шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд;  маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст; нисбати шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти касдона дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд ва шахсоне, ки қаблан бо татбиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” аз 25 октябри соли 2019 аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, ҷазо ё аз адои боқимондаи ҷазо озод карда шуда ва боз ҷинояти қасдона содир намудаанд, татбиқ намешавад.

Ин маҳдудиятҳо зимни кам кардани муҳлати адои ҷазои маҳкумшудагон ва қатъи пешбурди парвандаи дар марҳида баррасӣ қарордошта низ дахл доранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ва боз…

Амали қонун ба шахсоне, ки то мавриди амал қарор гирифтани он ҷиноят содир намудаанд ё аз ҷониби мақомоти бозпурсӣ ва тафтишоти пешакӣ ба ҷавобагрии ҷиноятӣ ҷалб шудаанд, татбиқ намешавад. Ё парвандаҳои ҷиноятӣ, ки дар баррасии судҳо қарор доранд ё дар судҳо баррасӣ нашудаанд ё аз ҷониби судҳо маҳкум шудаанд. Инчунин нисбати шахсоне, ки аз ҷониби судҳои давлатҳои хориҷӣ маҳкум шуда, барои адои минбаъдаи ҷазо ба Тоҷикистон истирдод шудаанд.

Татбиқи қонуни мазкур доғи судиро аз байн намебарад ва шахсони авфшуда аз ҷазои иловагӣ ва барқарор кардани ҷуброни моддии бар асари содир намудани ҷиноят расонида озод карда намешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...