spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Президент аз низомиён даъват кард, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд

Имрӯз, 7 сентябр ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо иштироки президенти ҷумҳурӣ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе паради ҳарбӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ назди иштирокчиёни чорабинӣ Эмомалӣ Раҳмон аз онҳо даъват намуд, ки “эътимоду умеди мардум ҳар яки шумо – фарзандони содиқи Ватанро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёр бошед, зиракии сиёсиро аз даст надиҳед, сатҳи касбият ва омодагии ҷангии худро мунтазам баланд бардоред, намунаи риояи қонунияту тартибот ва интизоми ҳарбӣ бошед”.

Президент зикр кард, ки дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар нақши барҷастаи таърихиро иҷро карданд.

“Ба хотири таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва зиндагии осудаи сокинони кишвар садҳо нафар афсарону сарбозони шуҷои мо ҷони худро қурбон карданд, ки мо дар ин лаҳзаҳои ботантана ва ҳамеша номи нек ва хотираи онҳоро гиромӣ медорем”, – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфтаи президент, Тоҷикистон бо хизмати софдилонаву ватандӯстонаи низомиёни кишвар, яъне фарзандони далеру ҷасур ва ғаюру шуҷои миллат ифтихор дошта,  бовар дорад, ки онҳо қарзи фарзандӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати ҷавонмардии худро дар назди миллат, Ватан ва давлат минбаъд низ содиқона ба ҷо меоранд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки вақтҳои охир вазъи минтақа ва ҷаҳон вобаста ба вусъат пайдо кардани фаъолияти ҳаракату созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва радикалӣ, низоъҳои диниву мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ боиси ташвишу нигаронии ҷиддии сокинони сайёра, аз ҷумла мардуми мо гардидааст.

Дар ин робита зикр шуд, ки дар чунин шароит, роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хусусан, Қӯшунҳои сарҳадиро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини ҳифзи сарҳади давлатӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, ҳимояи зиндагии орому осудаи мардум ва дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

“Бо итминони комил изҳор менамоям, ки афсарону сарбозони шуҷои мо минбаъд низ ба савганди ҳарбии худ, давлат, Ватан ва миллат содиқ монда, вазифаҳои дар назди онҳо гузошташуда, яъне ҳифзи марзу буми давлати соҳибихтиёри тоҷикон, истиқлолу озодии Ватан ва зиндагии орому осудаи халқи Тоҷикистонро бо сарбаландӣ, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ иҷро менамоянд”, – изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар паради ҳарбии қисмҳои низомӣ ва ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе дар пойтахт имрӯз 15 ҳазор нафар сарбозону афсарон ва 30 ҳазор ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ иштирок карданд.

Рӯзи 9 сентябр ба ифтихори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ дар майдони “Дӯстӣ” раҳпаймоиии сокинони шаҳр баргузор мешавад, ки дар он зиёда аз 45 ҳазор сокинони пойтахт ширкат меварзанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...