spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Толибон” забони ӯзбекиро аз мақоми расмӣ маҳрум карданд

Ҳаракати тнудгарои “Толибон” (фаъолияташ дар бисёре аз кишварҳо манъшуда) қонуни муваққатӣ қабул кард, ки мувофиқи он забони ӯзбекӣ аз мақоми расмӣ дар Афғонистон маҳрум мешавад. Дар ин бора хабаргузории “Лента.ру” бо истинод ба РИА Новости иттилоъ медиҳад.

Мувофиқи қонуни қабулшуда бо номи "Асосҳо", дар кишвар танҳо забони пашту ва дарӣ забони давлатӣ боқӣ монда, исломи суннии мазҳаби ҳанафӣ ягона дини расмӣ эътироф шудааст.

Ҳамзамон, зикр мегардад, ки то ҳол дар кишвар як ҷомеаи назарраси шиъаҳо мавҷуд буда, дар музофотҳои шимолӣ мардуми зиёди ӯзбекзабон зиндагӣ мекунанд.

Дар қонун ҳамчунин таъсиси шӯрои ҳуқуқшиносони исломӣ ва шӯрои олӣ дар Афғонистон пешбинӣ шудааст, ки ба он сиёсатмадорон, олимон ва рӯҳониёни ҳар як минтақа шомил мешаванд. Роҳбари ҳокимияти иҷроия президент аст, ки аз ҷониби шаҳрвандон ва аъзои шӯрои олӣ интихоб карда мешавад.

Илова бар ин, санад намояндагони Ассамблеяи миллии Афғонистонро аз дахлнопазирии парлумонӣ маҳрум карда, Рӯзи Истиқлолиятро аз Бритониё, Русия ва Амрико ҳамчун ҷашн муқаррар кардааст.

Қаблан намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон Юсуф Кобулҷонов дар ин робита изҳор дошта буд, ки “Толибон” ба мақомоти Ӯзбекистон нигоҳ доштани мақоми расмии забони ӯзбекиро дар Афғонистон кафолат медиҳанд ва ваъда доданд, ки ба омӯзиш ва рушди он дар кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...