spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Гузашти низомӣ ва се корхона: идомаи сафари президент ба Дарвоз

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози ВМКБ дар гузашти низомии Қушунҳои сарҳадӣ, хизматчиёни ҳарбии дигар навъи қушунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, гузашти низомии хизматчиёни ҳарбӣ бо иштироки 2 ҳазор нафар сарбозону афсарон ва 50 техникаву дигар муҳимоти ҷангӣ дар вазъияти тантанавӣ баргузор шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи хизматчиёни ҷузъу томҳои Қушунҳои сарҳадӣ ва хизматчиёни ҳарбии дигар навъи қушунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хизмати содиқонаи халқу Ватан ва савганди ҳарбӣ ҳидоят намуд.

ГАЛЛЕРЕЯ (21)





















Се корхона дар Дуробак

Дар идома дар деҳаи Дуробаки ноҳияи Дарвоз президент ба фаъолияти ҶДММ “Таҷ-эт” (Taj-et) оғоз бахшид, ки ба банду басти маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла лубиё, нахӯд, мош, макарон ва биринҷ равона гардида, дар асоси ҳамкории соҳибкорони ватанӣ бо шарикони рушд таъсис ёфтааст.

Ба иттилои масъулон корхона имкон дорад, ки дар як моҳ 500 тонна маҳсулот ва дар як сол то 6 ҳазор тонна маҳсулоти хӯроквориро банду баст намояд.

Маҳсулоти хӯроквории корхона дар марҳилаи аввал ба бозори дохилӣ пешниҳод гардида, оянда дар нақша аст, ки ба кишварҳои ҳамсоя содироти он зери бренди “Таҷ-ғалла” (Taj galla) ба роҳ монда шавад.

ГАЛЛЕРЕЯ (4)




Сипас сарвари давлат дар ноҳияи Дарвоз се корхонаи нави истеҳсолӣ, аз ҷумла ҶДММ “Меваҳои Бадахшон”-ро ба истифода дода, бо раванди истеҳсолот шинос шуд. Он аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Масъуд Закряев дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гардидааст.

Самти асосии фаъолияти корхона коркард ва банду басти меваю сабзавот ва истеҳсоли чипс буда, маҳсулоти ниҳоӣ баробари таъмини бозори дохилӣ, ба хориҷи кишвар низ содирот карда мешавад.

Корхона имкон дорад, ки дар як шабонарӯз 1,3 тонна ва дар як сол то 400 тонна меваю сабзавотро коркард намояд.

Истеҳсолоти корхона зери тамғаи “Карон эко фрутс” (Karon eco fruits) дар асоси стандартҳои миллию байналмилалӣ банду баст ва ба бозори истеъмолӣ пешниҳод мегардад.

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





Дар корхона дар марҳилаи аввал 9 навъи маҳсулот, аз ҷумла 4 намуди чипс аз лаблабу, сабзӣ, нок ва себ ва 5 намуди масҳсулоти серғизою болаззат аз мева истеҳсол карда мешавад.

Меваю сабзавот барои коркард ва банду баст ба корхона дар асоси шартнома аз боғпарварон ва кишоварзони ноҳияи Дарвоз дастрас мегардад.

Дар Дуробак Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ҶДММ “Карон пластр”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки дар он қубур ва дару тирезаҳои пластикӣ бо истифода аз технологияи муосир дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ истеҳсол карда мешавад. Корхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Раҳмон Шифоев бунёд гардидааст.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 2400 метр қубур бо андозаи қутрашон аз 15 то 120 миллиметр буда, маҳсулоти ниҳоии он барои кашонидани хати оби нӯшокӣ ва обёрии заминҳои кишт пешбинӣ гардидааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (8)








Қубурҳои истеҳсолии корхона ҳам барои оби хунук ва ҳам барои оби гарм истифода шуда, талабот ба ин навъи масолеҳ дар бозори дохилию хориҷӣ зиёд мебошад.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...