Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 1 октябр ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагии аҳолӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва суҳбату вохӯриҳо бо аҳолӣ бо сафари корӣ ва вилояти Хатлон рафт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президент нахуст ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварда, аз болои лавҳаи рамзии Маҷмааи даромадгоҳи ноҳия парда бардошт ва онро ифтитоҳ намуд.
Дар идома сарвари давлат дар ин ноҳия 16,1 километр роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявиро, ки солҳои дароз таъмирталаб буд, баъди навсозӣ мавриди истифода қарор дод.
Гуфта мешавад, ин шоҳроҳ бо маблағҳои буҷетӣ ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи беш аз 15 миллион сомонӣ пурра навсозӣ гардидааст.
Роҳ дар масофаи 13,1 километр то даромадгоҳи шаҳраки “Москва” бо паҳноии 7,5 метр асфалтпӯш гардид, дар доираи навсозии роҳ дар ҳудуди деҳоти Меҳнатобод ва Қаҳрамон 4 пул низ таъмиру навсозӣ гардидаанд.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-и ноҳияро мавриди истифода қарор дод. Иншооти мазкур аз 2 ошёна, 13 синфхона, 2 ҳуҷраи корӣ ва китобхона иборат буда, дар он 528 нафар хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.