Кормандони милитсия дар шаҳри Хуҷанд як марди 39-соларо ба гумони одамкушӣ боздошт намуданд.
“Ӯ дар хонаи истиқоматиаш ба узвҳои бадани ҳамсараш, зани 32-сола ва фарзандони ноболиғаш, духтарони 8 ва 11-сола, ки дар ҷойгаҳи худ хоб будаанд, бо истифода аз корд якчанд маротиба ба қафаси сина ва узвҳои ҳаётан муҳимашон зарба задааст, ки дар натиҷа духтари 11-солааш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, – хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ҳамсар ва духтари 8-солаи ноболиғаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ба иттилои манбаъ, сипас гумонбаршаванда бо мақсади худкушӣ бо корд ба қафаси сина ва дастонаш зарба зада, ба худаш ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст.
Зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далел дар прокуратураи шаҳри Хуҷанд мутобиқи моддаҳои 104 (Одамкушӣ) ва 32 ( Тайёрӣ ба ҷиноят ва суиқасд ба ҷиноят)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот ҷараён дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.