Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба шаҳри Париж омада, ӯро бо тамоми расмиёт хеле самимона ва пуршукуҳу шаҳомат пешвоз гирифтанд.
Дар доираи сафари расмӣ Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Фаронса Эманнуэл Макрон ва роҳбарони воломақоми ин кишвар мулоқоту вохӯрӣ доир намояд.
Дар назар аст, ки вазъи Афғонистон дар меҳвари гуфтушунидҳои Париж қарор хоҳад гирифт. Фаронса ва Тоҷикистон аввалин шуда зидди ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон дар Афғонистон изҳори назар карданд.
ҳамчунин дар доираи сафар Эмомалӣ Раҳмон 13 октябр дар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи нигораҳои таърихии “Тоҷикистон – кишвари рӯдҳои тиллоӣ”, ки дар Осорхонаи миллии санъати шарқ – Гимеи шаҳри Париж доир мегардад, иштирок мекунад.
Инчунин иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар дафтари кории ЮНЕСКО (Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг) ба нақша гирифта шудааст.
Пагоҳ Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон бармегардад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.