Душанбе. 3-юми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта Маҷмаъи кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) масъалаи ба Хазинаи байнулмилалии наҷоти баҳри Арал додани мақоми нозирро ба рӯзнома ворид сохт. Чунин ташаббусро намояндагиҳои доимии кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар СММ пешниҳод карданд.
Тавре аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, сарони минтақаи Осиёи Марказӣ ба хубӣ дарк мекунанд, ки роҳи ягонаи раҳоӣ аз бӯҳрон таҳкими ҳамкориҳо аст. Ҳанӯз бо ин мақсад 26-уми марти соли 1993 ин кишварҳо Хазинаи байнулмилалии наҷоти баҳри Аралро таъсис дода буданд.
Намояндаи вазорат таъкид сохт, ки соли 2002 сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ пешниҳод карда буданд, ки ба Хазина мақоми яке аз ниҳодҳои СММ дода шавад ва ин нуктаро минбаъд борҳо дар маърӯзаҳояшон зикр карда буданд. Президенти Қазоқистон дар Маҷмаъи кулли 62-уми СММ пешниҳод сохт, ки ба Хазина мақоми яке аз муассисаҳои низоми СММ дода шавад. Президенти Тоҷикистон моҳи декабри соли гузашта дар нишасти кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба масоили об қабули чунин қарорро аз ҷониби СММ заруру муҳим арзёбӣ карда буд.