spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Форуми «Душанбе-Инвест 2021» беш аз 400 соҳибкорон ва сармоягузоронро ҷамъ овард

Санаи 14 октябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалисозии тадбирҳо ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодиёти мамлакат ва дар ин замина амалӣ намудани Барномаи байнидавлатии Иттиҳоди давлатҳои Мустақил «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод дар соли 2021» Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Душанбе-Инвест 2021» баргузор гардид.

Дар оғози Форуми байналмилалии сармоягузорӣ – "DUSHANBE-INVEST-2021" Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба таври маҷозӣ меҳмонон ва иштирокчиёни ин чорабинии бошукӯҳро хайрамақдам гуфта, иброз доштанд, ки Форуми мазкур барои боз ҳам беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳибкорӣ, тақвияти ҳамкориҳо бо соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ва рушди иқтисоди мамлакат шароити мусоиде фароҳам меорад. Фазои сармоягузории Тоҷикистон, бахусус пойтахти он шаҳри Душанбе бо заҳмату талошҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтару хубтар гардида, ба марҳилаи сифатан нав баромад. Муҳтарам Раис дар баромади худ ҳамчунин изҳор доштанд, ки татбиқи босамари ислоҳоти иқтисодӣ тайи солҳои охир имкон дод, ки рушди устувори иқтисодиёти кишвар ба таври мунтазам рушд намуда, бо муҳайё намудани имкониятҳо ва додани имтиёзҳо ба фаъолияти соҳибкории хурду миёна ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, сатҳи камбизоатӣ ба таври назаррас коҳиш дода шуд. Дар интиҳои баромади хеш Раиси шаҳр ба кори ҳамоиш муваффақият хонда, барои мубодилаи афкор ва таҷриба дар баррасии имкониятҳои мавҷуда ва тавсеаҳои судманд ба ҳозирин барору комёбӣ таманно намуданд.   

Ҳамзамон дар кори Форум муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, инчунин намояндагони сатҳи баланди давлатҳои хориҷӣ ва роҳбарони ширкатҳои сармоягузор, соҳибкорон ва дигар шахсони расмӣ баромад намуданд.

Дар форуми мазкур наздики 400 нафар меҳнонон аз давлатҳои хориҷӣ, сармоягузорон, соҳибкорон ва шарикони рушд иштирок намуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар доираи чорабинии мазкур байни субъектҳои бахши давлатию хусусӣ, соҳибкорону сармоягузорон 11 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 5 миллиард сомонӣ дар самти таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла саноати бофандагӣ, саноати дорусозӣ ва парвариши гиёҳҳои шифобахш, энергетика, маориф ва технологияи инноватсионӣ ба имзо расонида шуданд.

Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум кори минбаъдаи он дар 5 панелҳои алоҳида дар мавзӯҳои «Саноатикунонии басуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ», «Рақамикунонии соҳаи нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тоҷикистон-имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика», «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «Рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон» идома ёфт.

Инчунин, дар доираи Форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорону сармоягузорон  дар сиғаи «Соҳибкор бо Соҳибкор» (В2В) баргузор гардид.

Дар доираи форуми мазкур сармоягузорону соҳибкорони хориҷӣ ва маҳаллӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушди Тоҷикистон аз намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2021» дидан намуда, аз тадбирҳои ба нақша гирифташуда оид ба рушди инноватсионӣ ва саноатии иқтисоди миллӣ, вазъи кунунии фазои тиҷорат ва сармоягузорӣ, имкониятҳо ва механизмҳои ҳавасмандкунӣ ва сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намуданд.

Ҳамзамон меҳмонон аз мавзеъҳои тарихиву фарҳангии шаҳри Душанбе боздид ба амал оварданд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...