Додгоҳи олии Тоҷикистон Раҳматулло Гадоеви 30-соларо, ки дар куштори Руфейда Иноятоваи 8-сола айбдор мешавад, ба ҳабси абад маҳкум кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» ҳимоятгари оилаи марҳум Зебо Муборова хабар дод.
Ба гуфтаи адвокат, мурофиа имрӯз ба охир расид. Вай ҳамчунин афзуд, ки ин парванда «тибқи қонун баррасӣ шуд ва ягон қонуншиканӣ сабт нашудааст».
Ба гуфтаи номбурда, суд бо моддаи 138 (таҷовус ба номус) қисми 3 ҷазо ба муҳлати 25 сол ва бо моддаи 104 (куштор) ҷазои якумра таъин намуда, дар умум нисбати номбурда ҷазои ниҳоӣ як умр маҳрум кардан аз озодӣ бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш махсус татбиқ гардид.
Бояд гуфт, ки мурофиаи додгоҳӣ 12 октябр, се моҳ пас аз куштори пурсарусадои Руфейда оғоз ёфт. Ин мурофиа паси дарҳои баста баргузор шуд.
Ёдовар мешавем, ки Руфейда рӯзи 4-уми июли соли равон аз хона ба ҳоҷатхона (дар кӯча воқеъ аст) баромада бедарак шуд. Як рӯз пас ҷасади Руфейдаро аз ҳоҷатхонаи ҳамсоя пайдо карданд. Кормандони шуъбаи дуюми раёсати кофтукови ҷиноятиии ВКД Тоҷикистон, субҳи 6 июл бо гумони қатли ин ноболиғ, Раҳматулло Гадоеви 30-соларо боздошт кардаанд, ки дар ҳамсоягӣ ба сар мебарад.
Саида Иноятова, аммаи Руфейда ки бархе ҷузъиёти ҳодисаро расонаӣ карда буд, навишт: “Падари дугонаи Руфейда бо роҳи фиреб ноболиғро ба хона дароварда, таҷовуз карда, сипас духтаракро пора-пора намуда, узвҳои баданашро дар халтачаҳо алоҳида-алоҳида гирифта, ба ҳоҷатхона мепартояд”.
Ҳамзамон рӯзи 14 июл дар гузориши телевизионии "Ахбори ВКД" (Ахбори ВКД) Гадоев муфассал нишон дод, ки чӣ тавр ин ҷиноятро содир кардааст
Сипас ӯ иқрор кард, ки дар ҳолати мастӣ аз набудани аъзои дигари оила истифода бурда, духтарро таҷовуз карда, сипас ӯро куштааст ва ҷасади буридашударо ба ҳоҷатхона андохтааст.
Қазияи куштор ва пора кардани ҷасади Руфейда яке аз пурсарусадотарин ҳаводиси чанд моҳи охир аст. Баъд аз воқеа намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ талаб карданд, ки ин қазия мунсифона баррасӣ шавад. Раиси палатаи болоии парлумон, Рустами Эмомалӣ ба муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандӣ вокуниш карда, гуфт, қазия таҳти назорати қатъиаш қарор дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.