spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Хадамоти махсуси 7 кишвар зарурати таъсиси ҳукумати фарогирро дар Афғонистон зикр карданд

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 20 октябр Ҷаласаи хадамоти махсуси Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор  гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти КДАМ Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, дар изҳороти якҷояи ширкаткунандагони Ҷаласа ҷонибҳо зикр кардаанд, ки вазъи Афғонистон мураккаб боқӣ монда,  амалҳои террористӣ ва дигар аъмоли хушунатомез бо қурбонии зиёди одамон идома доранд.

Зикр шудааст, ки дар ҳошияи равандҳои ташаннуҷи вазъият, тамоюли ҷалбсозии  ҷавонони мансуби миллатҳои гуногун ба созмонҳои байналмилалии террористӣ ҷой дорад.

Созмонҳои байналмилалии террористӣ барои мавҷудияти давлатдорӣ дар Афғонистон хатар эҷод мекунанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Намояндаи “Толибон” аз ислоҳот дар Афғонистон сухан гуфт

Иштирокдорони ҷаласа аҳамият ва зарурати ташкили ҳукумати фарогирро бо назардошти манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ, иҷтимоӣ ва конфессиалӣ зикр кардаанд.

Барои ба эътидол даровардани вазъияти Афғонистон истифодаи имконияти ташкилоти байналмилалие, ки иштирокчиёни ҷаласа узви онҳо мебошанд, мувофиқи мақсад дониста шудааст.

Иштирокдорони ҷаласа аз созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои манфиатдор даъват мекунанд, ки баҳри ҳалли қазияи Афғонистон роҳи ягонаро коркард намуда, кӯшишҳоро баҳри барқарорсозии тартиботи ҳуқуқӣ дар ин кишвар, таъсиси ҳукумати фарогир, пешгирии шиддати минбаъдаи хушунат ва муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ дастгирӣ намоянд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...