spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Ҷинояткор дар озодӣ аст”. Ҳукми ҷавоне, ки писарро кушту модарро захмӣ кард

Додгоҳи вилояти Суғд як сокини ноҳияи Зафарободро бо ҷурми куштори ҷавони 25-сола ва қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани модари ин ҷавон, 23 сол равонаи зиндон кард.

Ҳодисаи одамкушӣ аввалҳои моҳи ноябри як сол пеш рух дода буд. Мақомоти милитсия ҷасади ҷавонро аз дохили ҳоҷатхона ва модари оғӯшта ба хуни ӯро аз  дароматгоҳи манзилаш пайдо карда буданд, ки бо зарби болға куштаву латукӯб шуда буданд.

18 октябр Додгоҳи вилояти Суғд Ҷамшед Ҷумъазодаи 30-соларо дар ин ҷинояти махсусан вазнин айбдор дониста, ӯро бар асоси моддаҳои “одамкушӣ”, “сӯиқасди ҷиноят”, “вайрон намудани дахлнопазирии манзил” ба муҳлати 23 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аммо Малоҳат Зиёева, модари 45-солаи  Беҳзод Давронбеков баъди ҳукми додгоҳ гуфт, бовар надорад, ки писарашро Ҷамшед Ҷумъазода куштааст ва “ҷавоне, ки маро зада буд, ба ӯ монанд набуд тамоман дигар кас буд. Ҷинояткор дар озодӣ аст.”

Меҳри Холбоева, модари Ҷамшед Ҷумъазода дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, аз ҳукми писараш розӣ нест ва ба зинаҳои болоӣ шикоят мебарад.

– Бачаам гуфта истодааст, ки ин корро ман накардам. Он шаб ман худам ӯро бедор карда гуфта будам рав ба ӯ ёрӣ деҳ. Ман худам 45 сол дар мактаб кор карда, ба фарзандам чунин тарбия надода будам, – гуфт модари Ҷамшед Ҷумъазода.

Додрас Анвар Абдуғаффорӣ гуфт, “ҳодиса ба талоши робитаи ҷинсӣ аз тарафи шахси кушташуда Беҳзод Давронбеков рабт дорад”.

– Давронбеков дар ҳолати мадҳушӣ бо нияти анҷоми ҳаракатҳои бадахлоқона шими Ҷумъазодаро кашиданӣ шудааст. Судшаванда Ҷумъазода аз ин амалҳои ғайричашмдошт ва номақбул, нисбат ба Давронбеков нафрат ва қасд пайдо намуда, нақшаи аз ҳаёт маҳрум кардани ӯро кашидааст, – афзуд додраси парванда.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Боздошти як мард дар Суғд ба гумони куштани духтараш

Аз ин пештар маркази матбуоти ВКД хабар дода буд, ки  Ҷамшед Ҷумъазода шаби 10 ба 11-уми ноябри соли 2020 дар натиҷаи баҳси лафзӣ бо болғаи оҳанӣ аввал Беҳзод Давронбековро кушта, дар идома бо гумони он, ки модари охирон кирдори ҷиноятиашро мушоҳида кардааст, қасди аз ҳаёт маҳрум кардани модари ӯро намудааст.

– Дар натиҷаи ҳаракатҳои ҷиноятӣ Беҳзод Давронбеков дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, модари ӯ ҷароҳати вазнин ба ҳаёту саломатӣ бардоштааст, – навишта буд сомонаи ВКД.

Аз Ҷамшед Ҷумъазода як соҳибкори инфиродӣ ном мебаранд, ки дар ноҳияи Зафаробод коргоҳи истеҳсоли хишт дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...