Тибқи маълумоти пешакӣ, иштироки шаҳрвандон дар маъракаи интихобти президентии Ӯзбекистон то замони баста шудани қитъаҳои итихоботӣ дар соати 20:00 бо вақти маҳаллӣ 80,8%-ро ташкил дод.
Тавре хабаргузории Фергана иттилоъ медиҳад, раиси Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар Зайниддин Низомхоҷаев гуфтааст, 80,8% ба 16 млн 036 ҳазору 914 нафар раъйдодагон баробар аст.
Гуфта мешавад, маълумоти ниҳоӣ имрӯз бо назардошти шаҳрвандони дар хориҷи кишвар овоздода маълум карда мешавад.
Интихобот аллакай пас аз се соати боз шудани қитъаҳои интихоботӣ дар кишвар баргузоршуда эътироф гардида, соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ 33% шаҳрвандон овоз доданд.
Прокурори генералии Ӯзбекистон Неъматулло Юдошев ва раиси Судии олӣ Козимҷон Комилов изҳор намудаанд, ки дар бораи қонуншиканиҳо дар ҷараёни интихобот ба ниҳодҳои онҳо ягон арзу шикоят ё муроҷиате нарасидааст.
Дар кишвар ҳамагӣ 14 ҳавзаи интихоботӣ ва 10 ҳазору 760 қитъаи интихоботӣ ташкил шуд. Дар 107 қитъа дар ҳар кадоме аз ноҳияҳои Ӯзбекистон камераҳои мушоҳидаи видеоӣ насб карда шуданд.
Дар портали “Интихобот-2021” бо пахши тугмаи “онлайн-монитоинг” барои мушоҳидаи ҷараёни овоздиҳӣ имкон фароҳам оварда шуд.
Қобили зикр аст, ки зиёда аз 21 млн нафар ӯзбекистониҳо, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд. Дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон барои овоздиҳии шаҳрвандон дар маҷмӯъ 54 қитъаи интихоботӣ боз шуд.
Бо шумули президенти кунунии кишвар Шавкат Мирзиёев ба мансаби президенти Ӯзбекистон панҷ нафар номзадҳо доваталбӣ мекунанд. Ҷараёни баргузории интихоботро зиёда аз ҳазор нафар нозирони байнулмилалӣ пайгирӣ карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.