Душанбе. 5-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини раиси Кумита оид ба корҳои байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Олимҷон Салимов бар ин назар аст, ки пас аз ба сари ҳокимияти давлати Амрико омадани демократ Барак Обама муносиботи Тоҷикистону Амрико минбаъд низ густаришу таҳким хоҳанд ёфт.
Номбурда зикр кард, ки Амрико нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ муносиботи дӯстонаро пеш хоҳад гирифт.
О.Салимов афзуд, ки бо ба сари ҳокимият омадани Обама шояд ба иқдомоти таҷовузгарона дар ҷаҳон хотима гузошта шавад. «Шояд нерӯҳои низомии Амрико аз Ироқ хориҷ карда шаванд ва дар маҷмӯъ, сиёсати Амрико нисбат ба Ироқ ва Афғонистон ба самти мусбат тағйир хӯрад», – гуфт ӯ.