Дар гузаргоҳи марзии “Ойбек” байни сарҳади Ӯзбекистону Тоҷикистон миқдори зиёди маводи нашъаовари ҳашиш, афюн ва героин ошкор шуд.
Тавре нашрияи nuz.uz бо истинод ба Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон хабар медиҳад, дар кормандони Раёсати гумруки вилояти Тошканд нисбати автомашинаи боркаш (фура), ки бо транзит тариқи Ӯзбекистон 21 тонна ангурро ба Русия мебурдааст, гумону шубҳа пайдо шудааст.
Гуфта мешавад, мошини боркашро ба постгоҳи гумрукии “Янгиюл бурда, ангуррро аз он мефароранд ва қабати дуюми фарши бордонро мекушоянд.
“Дар он ҷо 141 зарфи полиэтилении дорои ҳудуди 156 кило маводи нашъаовари ҳашиш (149,75 кг), афюн (4,44 кг) ва героин (1,52 кг) дарёфт шуд”, – хабар додааст хадамоти гумрук.
Зикр мегардад, ки автомашинаи боркаши арзишаш 1 млрд 80 млн сӯм (170 ҳазор доллар) ва 20,8 тонна ангур барои нигаҳдории муваққатӣ мусодира шудааст. Аз рӯи ин далел мақомоти гумрук парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.