Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода аз фаъолияти ронандагони мусофиркаши такси изҳори нигаронӣ карда, иброз намудааст, ки бархеи онҳо дар ҳолати мастӣ ва истифодаи воситаҳои нашъадор сабабгори садамаҳои нақлиётӣ шудаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилои дафтари матбуоти ниҳод зери раҳбарии Назарзода, дар 9 моҳи соли равон аз сӯйи ронандаҳои нақлиёти мусофиркаш (таксӣ) 6 далели дар ҳолати мастӣ ва 18 далели зери таъсири воситаҳои нашъадор идора намудани нақлиёт сабти ном шудааст.
Ин нигаронии сардори пулиси пойтахт,- бино ба иттилои манбаъ, дар мулоқоти муштараки роҳбарияти шаҳрдории Душанбева Раёсати ВКД дар пойтахт бо роҳбарону масъулини ширкатҳои мусофиркашонии ҷамъиятӣ, давлативу хусусӣ, масъулини бахшу хадамоти назорати роҳу нақлиёти Душанбе, садо додааст.
Назарзода ин ҷаласа иброз намудааст, ки «яке аз мушкилоти ташвишовар он аст, ки баъзе ронандагони нақлиёти мусофиркаши таксӣ дар ҳолати мастӣ махсусан сархушӣ аз воситаҳои нашъадор пушти чамбараки автомашина нишаста, садамаҳои нақлиётиро содир намудаанд, ки воқеан боиси нигаронист».
Пулиси Душанбе мегӯяд, сарфи назар аз аз чораҳои андешида дар давоми 9 моҳи соли 2021 аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбар 29 садама сурат гирифтааст, ки бар асари онҳо 4 нафар ба ҳалокат расида, 31 нафар захмӣ шудаанд. Тибқи таҳлилҳои ин ин ниҳод дар муқоиса ба соли гузашта теъдоди ҳодисаи нақлиётӣ 7,4 % ва маҷруҳон 24,0 % афзоиш ёфта, хушбахтона шумораи ҳалокшудагон 1 нафар ё 20,0% коҳиш ёфтааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.