Ҳукумати Тоҷикистон ба коркарди маҷмӯии конҳои “Тарор”-у “Ҷилав” дар қаламрави шаҳри Панҷакент аз сӯйи корхонаи муштарак (КМ)-и “Зарафшон” мувофиқат кард.
Қарори ҳукумат дар ин бора охири моҳи октябри соли равон қабул шудааст.
Дар лоиҳаи созишнома бунёди корхонаи металлургӣ барои берун кашидани маҷмӯии тилло ва мис тавассути оксидкунии фишурда аз хокаҳои бойгардонидашудаи тилло ва мис пешбинӣ шудааст.
Дар назар аст, ки сохтмони корхона дар муддати ду сол ба поён расида, охири соли 2023 ба истифода дода шавад.
Қобили зикр аст, ки зиёда аз 70%-и тиллои дар Тоҷикистон истеҳсолшуда ба корхонаи муштараки “Зарафшон” рост меояд.
Барои коркарди маҷмӯии конҳо ва сохтмони корхона КМ “Зарафшон” ба сармоягузорӣ дар ҳаҷми 117 млн доллар уҳдадор мешавад.
Дар қарор ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи супориш дода шудааст, ки бо КМ “Зарафшон” аз номи ҳукумат созишнома ба имзо расонида, барои баррасиву тасдиқ онро ба палатаи поёнии парлумон пешниҳод намояд.
Созишнома аз замони мавриди амал қарор гирифтанаш, ба муддати 10 сол амал мекунад.
Дар лоиҳаи созишнома гуфта мешавад, КМ “Зарафшон бар асоси иҷозатномаҳои амалкунандааш ба коркарди кони “Тарор” ва “Ҷилав” дорои ҳамаи ҳуқуқҳои зарурӣ мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.