Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар бораи қатъи таҷрибаи оғоз кардани парвандаҳои беасоси ҷиноятӣ нисбати тоҷикистониён ба ҷониби Қирғизистон дархост ирсол намуд.
Инчунин аз ҷониби Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ба Прокуратураи генералии Русия бо хоҳиши бе баррасӣ монондани дархости ҷониби Қирғизистон ва аз ҳабс озод кардани Диловар Ҷӯраев мактуб фиристода шуд.
Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Қирғизистон Диловар Ҷӯраеви 52-соларо, ки 8 ноябр дар шаҳри Новосибирски Русия боздошт шуд, ба “авбошӣ” ва “барангехтани низои миллӣ” айбдор мекунад.
“8 ноябри соли 2021 дар ҳудуди шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия бо дархости истирдодии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷураев Диловар Бобомахкамович, 23.05.1969 соли таваллудаш, барои гӯё ташкил намудани бетартибиҳои оммавӣ ва авбошӣ дар ҳудуди наздисарҳадӣ ва делимитатсияношудаи байни ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ва ноҳияи Ботканди Қирғизистон дастгир карда шуд”, – омадааст дар хабари Прокуратураи генералӣ.
Дар ҳамин ҳол, дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон зикр мекунанд, ки айбномаҳои Қирғизистон алайҳи Диловар Ҷӯраев ангезаи сиёсӣ доранд.
“Дар ин робита, хоҳиш мекунем, ки дархости ҷониби Қирғизистон бе баррасӣ мононда шуда, шаҳрванди Тоҷикистон. аз ҳабс озод карда шавад”, – зикр мешавад дар маълумот.
Ғайр аз ин, аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон унвонии Прокуратураи генералии Қирғизистон дархост ирсол карда шуда, хоҳиш карда шудааст, ки ба таҷрибаи огоз кардани парвандаҳои беасоси ҷиноятӣ вобаста ба бетартибиҳои оммавӣ дар хатти сарҳад нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон хотима бахшида шавад.
Гуфта мешавад, масъалаи мазкур таҳти назорати роҳбарияти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Ёдрас мекунем, ки қаблан дар Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” изҳор дошта буданд, ки дипломатҳои тоҷик дар Русия баҳри ҳимоят ва раҳоии Ҷӯраев ҳамаҷониба талош варзида истодаанд.
Дар ВКХ Тоҷикистон инчунин зикр карда буданд, ки ба ВКХ Русия дар робита ба боздошти Ҷӯраев ёддошти вербалӣ (шифоҳӣ, мавриди таваҷҷуҳ қарор додан) фиристодаанд.
Айни замон Диловар Ҷӯраев дар тавақуфгоҳи тафтишотӣ (СИЗО)-1 шаҳри Новосибирск нигаҳдорӣ мешавад.
Писари боздоштшуда Дилписанд Ҷӯраев ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки падараш касалии қанди дараҷаи вазнин дорад ва дар боздоштгоҳ будани ӯ ба солимиаш зиён мерасонад.
Ин боздошти аввалини Диловар Ҷӯраев нест. Моҳи январи соли равон ӯро дар фурудгоҳи “Внуково” боздошт намуданд. Он вақт дар суҳбат ба “Азия-Плюс” ӯ зикр карда буд, ки Қирғизистон зиёда аз 25 нафар сокинони ҷамоати наздисарҳадӣ, аз ҷумла ӯро барои муноқишаҳо дар сарҳад мавриди пайгард (ҷустуҷӯ) эълон кардааст.
Дар огоҳиномаҳои Раёсати ВКД дар вилояти Ботканд Ҷӯраев ва дигар сокинони ҷамаот ба "иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ" (б.1, қ.2, модд. 266 Кодекси ҷиноятии Қирғизистон) айбдор карда мешаванд.
Сарчашмаи ҳамаи ин парвандаву боздоштҳо муноқишаҳои хунин дар марзи Тоҷикистон дар моҳи апрел аст. Дар низоъе, ки аз 28-уми апрел то рӯзи 29-уми апрел идома кард, аз ҳарду тараф 55 нафар кушта шуданд ва даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Хонаву моликияти зиёде аз байн рафт.
Душанбе ва Бишкек ҳамдигарро ба барангехтани ин низоъ муттаҳам карданд, ки сабабаш таъйину аломатгузорӣ нашудани марз ва даъво барои обу замин аст. Ҳарду тараф барои тафтиши низоъ парвандаҳои ҷиноӣ боз карданд, вале то кунун дар бораи ҷараёни тафтиш ҳеч кадоме гузорише надодааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.