spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Додситонии кулли Тоҷикистон: Диловар Ҷӯраевро Русия озод кард

Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри як хабар дар торнамои расмии худ эълон кард, ки Диловар Ҷӯраев дар Русия озод шуд. Диловар Ҷӯраев, як шаҳрванди Тоҷикистон бо дархости ҷониби Қирғизистон 8-уми ноябр дар Новосибиркси Русия боздошт шуда буд. Қирғизистон ин шаҳрванди Тоҷикистонро ба “авбошӣ” ва “барангехтани низои миллӣ” муттаҳам медонист.

Дар хабари  Додситонии кулли Тоҷикистон омадааст, ки "шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷураев Диловар Бобомахкамович, 23.05.1969 соли таваллудаш, ки 8 ноябри соли 2021 дар ҳудуди шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия бо дархости истирдодии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон барои гӯё ташкил намудани бетартибиҳои оммавӣ ва авбошӣ дар ҳудуди наздисарҳадӣ ва делимитатсия ношудаи байни ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Боткани Ҷумҳурии Қирғизистон дастгир шуда буд, бо дархости Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳабс озод карда шуд".

Додситонии куллии Тоҷикистон барои "ҳамкории судманд" дар раҳо кардани Диловар Ҷӯраев аз раҳбарияти Додситонии куллии Федератсияи Русия  миннатдорӣ кардааст.

Чанд рӯз пеш, Додситонии кулли Тоҷикистон ба унвони Додситонии кулли Русия нома фиристода буд ва дархост карда буд, ки Диловар Ҷӯраев озод карда шавад, зеро дархости ҷониби Қирғизистон "ангезаи сиёсӣ" дорад. 

Ёдрас мекунем, ки қаблан дар Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” изҳор дошта буданд, ки дипломатҳои тоҷик дар Русия баҳри ҳимоят ва раҳоии Ҷӯраев ҳамаҷониба талош варзида истодаанд.

Дар ВКХ Тоҷикистон инчунин зикр карда буданд, ки ба ВКХ Русия дар робита ба боздошти Ҷӯраев ёддошти вербалӣ (шифоҳӣ, мавриди таваҷҷуҳ қарор додан) фиристодаанд.

Ин боздошти аввалини Диловар Ҷӯраев нест. Моҳи январи соли равон ӯро дар фурудгоҳи “Внуково” боздошт намуданд. Он вақт дар суҳбат ба “Азия-Плюс” ӯ зикр карда буд, ки  Қирғизистон зиёда аз 25 нафар сокинони ҷамоати наздисарҳадӣ, аз ҷумла ӯро барои муноқишаҳо дар сарҳад мавриди пайгард (ҷустуҷӯ) эълон кардааст.

Дар огоҳиномаҳои Раёсати ВКД дар вилояти Ботканд Ҷӯраев ва дигар сокинони ҷамаот ба "иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ" (б.1, қ.2, модд. 266 Кодекси ҷиноятии Қирғизистон) айбдор карда мешаванд.

Сарчашмаи ҳамаи ин парвандаву боздоштҳо муноқишаҳои хунин дар марзи Тоҷикистон дар моҳи апрел аст. Дар низоъе, ки аз 28-уми апрел то рӯзи 29-уми апрел идома кард, аз ҳарду тараф 55 нафар кушта шуданд ва даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Хонаву моликияти зиёде аз байн рафт.

Душанбе ва Бишкек ҳамдигарро ба барангехтани ин низоъ муттаҳам карданд, ки сабабаш таъйину аломатгузорӣ нашудани марз ва даъво барои обу замин аст. Ҳарду тараф барои тафтиши низоъ парвандаҳои ҷиноӣ боз карданд, вале то кунун дар бораи ҷараёни тафтиш ҳеч кадоме гузорише надодааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...