Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Гузориши муфассал аз Хона-музейи Садриддин Айнӣ - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Гузориши муфассал аз Хона-музейи Садриддин Айнӣ

Asia-Plus

Кормандони осорхона, ки ба саргузашти адиб арҷи эҳтиром гузошта, онро эҳтиёткорона маҳфуз нигоҳ медоранд, кӯшиш кардаанд, ки дар давоми 16 дақиқа дар бораи чӣ гуна рӯҳ доштан ва манзили устод ҳикоят кунанд. Ва рамзист, ки тоҷикистониён ин филмро маҳз ҳоли ҳозир тамошо мекунанд, вақте ки тақдири осорхона ҳал мешавад…

Дар ин навор мудири осорхона Шердил Каримов дар бораи якчанд давраи таърихи ин хонаву зиндагии нависанда дар он, чизҳое, ки имрӯз дар осорхона ҷамъоварӣ шудаанду бахше аз ҳаёти худи Айнӣ мебошанд, масалан, туҳфаи ӯ аз падараш ва танбӯр ё дигар чизҳои ба осорхона туҳфашуда маълумот медиҳад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Хона-музейи Садриддин Айнӣ соли 1978 ба ифтихори 100-солагии адиб таъсис дода шуд. Ӯ бештари умри худро дар Самарқанд гузаронида, дар шаҳри Душанбе аз соли 1951 то 1954 то дами марг зиндагӣ кардааст. Аҳли оилааш боз чандин сол дар ин хона иқомат доштанд.

Айни замон хона-музей муассисаи давлатии фарҳангӣ буда, дар тавозуни Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Соли 2018 ба ифтихори 140-солагии адиб бо дастури президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон хона-музей мавриди таъмиру таҷдид қарор гирифта, дар вазъияти тантанавӣ боз шуд.

Чанд рӯз пеш шаҳрдории Душанбе пешниҳод намуд, ки Хона-музейи сардафтари адабиёти муосири тоҷик тахриб ё ба ҷойи дигар кӯчонида шавад. Ҳоло маълум нест, ки дар ҷойи он чӣ иншооте сохта мешавад.

Зиёиёни эҷодӣ мухолифи ин пешниҳод садо баланд карданд. Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи меъморон, мудири осорхонаҳои муттаҳидаи мемориалии адабӣ Моҳшариф Табарова, инчунин пайравон ва пайвандони Садриддин Айнӣ бо мактуб ба президенти кишвари муроҷиат намуда, дархост карданд, ки хона-музей дар ҷояш боқӣ гузошта шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.