Ба ду сокини шаҳри Душанбе барои истифодаи амали озори ҷисмониву хушунат дар оила ба ҳар кадоме 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҷазо таъин шуд. Мардон ҳамсарони худро мавриди лату кӯб қарор додаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки яке аз ин занҳо аз шавҳари собиқи худ ба нозирони пешгирии зуроварӣ дар оилаи мақомоти милитсияи пойтахт дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур шикоят кардааст.
Ба гуфтаи РВКД дар натиҷаи санҷиш маълум гардидааст, ки Ҳасан Муқумови 42-сола дар баробари ҳамсари собиқи худ амалу рафтори хушунатборро истифода намуда, боиси озори ҷисмониву равонии ҷабрдида гардидааст.
Пулиси Душанбе бар асоси муроҷиати зани дигар низ, зимни санҷиш маълум намудааст, ки Амоналӣ Ҷайлобови 36-сола сокини дигари Душанбе дар ҳолати мастӣ бо ҳамсари худ муноқиша намуда, нисбати ӯ зӯру тавонашро истифода кардааст.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ нозирони пешгирии хушунат дар хонавода ташкил шудааст.
Ёдрас мекунем, ки соли 2020 ба телефони боварии Кумитаи занон ва оилаи ҷумҳурӣ дар бораи хушунати оилавӣ 1 ҳазору 919 муроҷиат расидааст. Дар ҳамин ҳол, 1721 муроҷиат аз ҷониби занон ворид шуда, боқимондаро мардон ирсол кардаанд. Ин маълумот дар нишасти матбуотии Кумита дар соли гузашта садо дода буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.