Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Як нуқра ва ду биринҷии варзишкорони тоҷик дар Abu Dhabi Grand Slam 2021 - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Як нуқра ва ду биринҷии варзишкорони тоҷик дар Abu Dhabi Grand Slam 2021

16
16

Паҳлавонони тоҷики маъруфи риштаи ҷудо Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳмиов дар мусобиқоти Abu Dhabi Grand Slam 2021 ё "Тоскулоҳи бузург"-и Абузабӣ се медал ба даст оварданд. Комроншоҳ ба гирифтани медали нуқра ва Ҷаҳонгиру Темур медалҳои биринҷии ин мусобиқотро соҳиб шуданд. 

Ин мусобиқот рӯзи 26-уми ноябр дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ оғоз шуданд, ки то 28-уми ноябр давом карданд. Дастаи Тоҷикистон бо ба даст овардани 1 нуқраву ду биринҷӣ дар миёни 41 кишвари дунё мақоми 12-уми ин мусобиқотро касб кард. 

Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кило медали нуқра гирифт. Ӯ баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш Ҷамол Петргрейв аз Бритониё, Ҷон Ҷейн аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эрлан Шеров аз Қирғизистон ба финал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз варзишгари 21-солаи чечентабори Русия Мансур Лорсанов мағлуб шуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин нахустин медали Комроншоҳ аз мусобиқоти силсилаи ҷаҳонии “Grand Slam” аст, ки ба даст меорад.

Паҳлавони дигари тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов, ки медали биринҷӣ ба даст овард, дар даври аввал Моҳаб Элнаҳаси конодоиро шикаст дод. Аммо дар чорякфинал аз ҷоизадори Бозиҳои олимпии Токио-2020 Давлат Бобонови узбекистонӣ ноком шуд.

Ҷаҳонгир дар даври тасаллобахш Франсиско Балантаи колумбиягиро мағлуб кард ва баъдан барои медали биринҷӣ бар Эрлан Шерови қирғиз ғолиб омад. Ҷаҳонгир Маҷидов ҳам нахустин бор аз мусобиқоти “Grand Slam” медал ба даст овард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Медали дуюми биринҷиро дар ин мусобиқа ба Тоҷикистон Темур Раҳимов овард. Ӯ дар вазни беш аз 100 кило ба рақобат аз даври дуюм пардохт ва Эмил Мэттссонро аз Шведсия мағлуб кард. Вале Темур дар даври чорякниҳоӣ қувваозмоиро ба Евгений Балевский аз Украина бохт. Сипас ӯ дар даври тасаллобахш бар варзишгари Финляндия Марти Пумалайнен дастболо шуд. Паҳлавони тоҷик барои медали биринҷӣ Валерий Ендовитскийро аз Русия шикаст дод.

Дарвоқеъ, ин дуюмин медали Темур Раҳимов дар мусобиқоти силсилаи ҷаҳонии “Grand Slam” ҳисоб мешавад. Қаблан ӯ дар “Baku Grand Slam 2021” медали нуқра гирифта буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дастаи Тоҷикистон дар ин мусобиқот иборат аз 10 варзишгар буд, ки ҳамагӣ дар сабқати мардон ширкат карданд: Шаҳбоз Саидаброров (дар вазни то 60 кг), Алиҷон Сафаралиев, Баҳром Сӯфиев (ҳарду дар вазни -66 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни -73 кг), Ҳақназар Назаров, Хушвақт Идиев (ҳарду дар вазни -81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳ Устопириён (ҳарду дар вазни -90 кг), Темур Раҳимов (+100 кг).

Аз миёни аъзои дигари тими Тоҷикистон, нишондоди беҳтар аз варзишгари маъруф Сомон Маҳмадбеков аст, ки дар вазни то 73 кг ҷойи панҷумро соҳиб шуд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз шуданд. Барои ҷойи якум 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дуюм – 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ тақдим гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...