Суди вилояти Маскав нисбат ба 8 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар даст доштан ба як силсила ҳамлаҳо ба соҳибкорон дар шаҳру вилояти Маскав гумонбар дониста мешуданд, ҳукм содир намуд. Дар ин бора 30 ноябр ба “Вечерняя Москва” роҳбари хадамоти матбуоти прокуратураи вилояти Маскав Наталия Григорева хабар додааст.
Ба гуфтаи вай, судшавандагон аъзои дастаи мусаллаҳи ҷиноятпеша будаанд, ки ба манзилҳои тоҷирон ҳамла мекардаанд.
“Дар ҳамла онҳо аз силоҳи оташфишон, газӣ ва ҷароҳатдеҳ (травматический) истифода бурда, дар сурати саркашӣ ба ҷабрдидагон таҳдид мекардаанд, ки ҷазои сахт медиҳанд. Онҳо пул ва дигар чизҳои киматбахоро медуздиданд. Зиёни умумӣ аз амали ҷинояткоронаи онҳо 11,5 млн рубл арзёбӣ мешавад”, – иброз доштааст Григорева.
Намояндаи прокуратураи вилояти Маскав зикр кардааст, ки гумонбаршудагон ҳанӯз соли 2014 боздошт шуда буданд.
“Вобаста ба сатҳи иштирок дар ҷиноятҳо нисбати гумонбаршудагон мутобиқи моддаҳои “Роҳзанӣ”, “Дуздии силоҳи оташфишон” ва “Иштирок дар гурӯҳи устувори мусаллаҳ ё ҳамлаҳои аз ҷониби он содиршуда” парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда буд”, – гуфтааст номбурда.
Наталия Григорева изҳор доштааст, ки бо назардошти мавқеи айбдоркунандаи давлатӣ, суд ба онҳо ҷазои аз 8 солу 6 моҳ то 16 соли зиндони низомаш сахт таъин намудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.