spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Корея ба Тоҷикистон дар бунёди марказҳои байнулмилалии логистикӣ кумак мекунад

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо намояндагони Ширкати «Living Tree Co. , Ltd»-и Ҷумҳурии Корея мулоқот анҷом дод, ки дар он масъалаи ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт  мавриди муҳокима қарор гирифт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, зимни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои амалӣ намудани лоиҳаҳои гуногун дар соҳаи нақлиёт дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар бунёди марказҳои байналмилалии логистикӣ ҳамкорӣ кунанд.

Ҳамчунин ҷонибҳо зикр карданд, ки дар сохтмони роҳи оҳан, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар Тоҷикистон ҳамкориҳои густурдаро ба роҳ монда, дар оянда доираи ҳамкорӣ метавонад дар татбиқи лоиҳаҳои дигар низ густариш ёбад.

Гуфта мешавад, сипас оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Ширкати «Living Tree Co. Ltd»-и Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дидору гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея

Ёдрас мекунем, ки дар доираи 14-умин Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея”, ки 30 ноябр доир гардид, як ҳайати тоҷирони Ҷумҳурии Корея ба Тоҷикистон ташриф овард.

Дар доираи кори форум дидору гуфтушунидҳои тоҷирон, чор ҷаласаи мавзӯӣ дар соҳаҳои хоҷагии ҷангал, тандурустӣ ва рақамисозӣ баргузор шуд.

Тоҷикистон раёсати худро дар Форум ба поён расонида, ба ихтиёри Ҷумҳурии Корея супурд.

Қобили зикр аст, ки иқдоми ташкили Форум аз ҷониби Корея бо мақсади тақвияти талошҳо баҳри густариш ва таҳкими робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод гардида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...