Сокини 46-солаи шаҳри Душанбе Фурқат Муминови падари 3 фарзанд барои таҳқиру озори модараш 15 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шуд.
Тавре Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, як зани пиронсоли пойтахт ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, шикоят кардааст, ки писараш ӯро доимо мавриди таҳқиру озор қарор медиҳад.
“Тавре муайян гардид, аз ин пеш низ нисбати дастгиршуда Фурқат Муминов барои таҳқиру озор ва дашноми модараш ду маротиба ҷазоҳо дар намуди ҳабси маъмурӣ татбиқ гардида буд”, – омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, бо назардошти ҳолати мазкур ин маротиба низ нисбати ӯ тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи маъмурӣ оғоз гардида, нисбаташ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонаруз таъин карда шуд.
Дар ҳамин ҳол, дар Раёсати ВКД зикр мекунад, ки роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт талош дорад, ки пеши роҳи кирдорҳои ғайриахлоқиву ғайриқонунии шаҳрвандон гирифта шуда, маърифат ва адолати ҳуқуқӣ, фазои солими хонаводагию оиладорӣ дар байни тамоми табақаҳои ҷомеа таъмин карда шавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.