Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Сутуда Фурӯтан. Донишомӯзи 15-солаи ҳиротӣ шомили 25 зани таъсиргузори ҷаҳон дар соли 2021 шуд - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Сутуда Фурӯтан. Донишомӯзи 15-солаи ҳиротӣ шомили 25 зани таъсиргузори ҷаҳон дар соли 2021 шуд

Asia-Plus

Нашрияи бонуфузи “Financial Times” Сутуда Фурӯтан, як духтари 15-солаи Афғонистонро шомили рӯйхати 25 зани таъсиргузори ҷаҳон дар соли 2021 кардааст.

Сутуда Фурӯтан пас аз суқути Афғонистон ба дасти Толибон ва дар пайи баста шудани мактабҳо ба рӯйи духтарон, ба яке аз муборизини ҳуқуқи занҳову духтарҳо дар ин кишвар табдил шуд. Навори яке аз суханрониҳои ӯ вокуниши густардае дар Афғонистон пайдо кард ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарафдорони зиёде пайдо кард.

Дар моҳи сентябр, ӯ дар як суханронияш дар маросими “Ҳафтаи шаҳид” ва ифтихори рӯзаи таваллуди ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҳузури мақомҳои толибон аз баста шудани мактабҳо барои духтарон интиқод кард ва гуфт, ки “занону духтарон ҳамеша ниме аз пайкари ҷомеа будаанд ва агар ин қишре аз ҷомеа набошанд, пас ниме аз ҷомеа ҳам ноқис аст”.

“Financial Times” ҳам барои ҳамин суханронӣ ва талошҳояш барои дарёфти ҳаққи таҳсили духтарон дар низоми сахту сангини толибон ӯро шомили феҳрасти занҳои таъсиргузори ҷаҳон дар соли 2021 кардааст.

МЕДИА (YOUTUBE)

Суханронии таъсиргузори Сутуда Фурӯтан

Малола Юсуфзай, баранди ҷоизаи сулҳи Нобел барои нашрияи “Financial Times” навиштааст, ки “ӯ алайҳи амалкардҳои толибон эътироз кард ва аз онҳо талаб кард, ки рафтани духтаронро ба мактаб иҷоза диҳанд. Ҷасорат ва тавоноии ӯ толибонро дар Ҳирот водор кард, ки то ба духтарон иҷоза диҳанд, ки ба мактаб баргарданд”.

Худи Сутуда дар суҳбати ахираш бо нашрияи “Иттилооти рӯз”-и чопи Кобул гуфтааст, ки таҳаввулоти ахире, ки дар Афғонистон омад, ӯро маҷбур кардааст, ки садои дохоҳии духтарон барои дарёфти ҳаққи таҳсил бошанд.

“Ман тасмим гирифтам, ки садо баланд бикунам ва дарди занонро фарёд бизанам. Билохира як касе бояд садо баланд мекард”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сутуда Фурӯтан

Ҳоло Сутуду Фурӯтан аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳад, ки занони Афғонистонро дар ростои дастрасӣ ба ҳаққи омӯзиш ва кор дар зери султаи толибон танҳо нагузоранд.

Дар феҳристи имсолаи “Financial Times” Нгози Оконҷо-Ивеала, раиси Созмони ҷаҳонии тиҷорат, Лино Хон, раиси Комиссиюни федоролии тиҷорати ИМА, Мерри Бара раис ва мудири кулли General Motors, Гита Гопинатх, иқтисоддони аршади Сандуқи байналмилалии пул ва чеҳраҳои дигар шомил шудаанд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.