Сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм ва намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КДАМ) дар маросими супоридани таҷҳизот, дар Маркази омӯзишии минтақавӣ оид ба хатарҳои маводҳои химиявӣ, биологӣ ва радиатсонии, вобаста ба Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ширкат карданд.
Дастгирӣ барои амният, таҷҳизот барои кашфи маводи радиатсонӣ ва давраҳои омӯзишии вобаста, ки аз ҷониби маъмурияти амнияти миллии Дафтари кашф ва пешгирии қочоқи маводи ядроии Департаменти энергетикаи ИМА ба мақомоти амнияти Тоҷикистон, ҷиҳати мубориза бо қочоқи маводи ядроӣ ва радиоактивӣ, кумак хоҳад кард.
«Ман хушҳолам, ки марҳалаи нави ҳамкорӣ байни ду кишварро дар соҳаи амнияти байналмилалии ядроӣ эълон мекунам. Имрӯз мо марҳилаи аввали кумаки Департаменти энергетикаи ИМА-ро ба КДАМ намоиш медиҳем. Ин як қадами муҳим дар пешбурди ҳамкориҳои ИМА ва Тоҷикистон дар соҳаи амният мебошад” – гуфт сафир Поммершайм.
Дафтари кашф ва пешгирии қочоқи маводи ядроии Департаменти энергетикаи ИМА доираи васеи таҷрибаҳо, донишҳо ва абзорҳоро барои дастгирии шарикон, ҷиҳати таҳияи барномаи миллии ҳамаҷонибаи кашф, пешгирӣ ва боздории интиқоли ғайриқонунии маводҳои ядроӣ ва радиоактивӣ пешниҳод менамояд. Аз соли 2013 Дафтари кашф ва пешгирии қочоқи маводи ядроии Департаменти энергетикаи ИМА зиёда аз 12 миллион доллари ИМА барои лоиҳаҳои мубориза бо қочоқи маводи ядроӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ намуд.
Ба иловаи ҳамкорӣ бо КДАМ, Дафтари кашф ва пешгирии қочоқи маводи ядроии Департаменти энергетикаи ИМА бо Хадамоти гумрук, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИ ҶТ ҷиҳати инкишофи қобилияти Тоҷикистон барои мубориза бо қочоқи маводи ядроӣ ва радиоактивӣ ҳамкориро давом медиҳад.
Таҷҳизоти вогузоршуда ба КДАМ бо арзиши беш аз 1 миллион доллари ИМА иборат аз навъҳои аз ҳама пешрафтаи воҳиди мобилии кашфи маводи радиатсонӣ, системаҳои портативӣ ва бо даст идорашавандаи кашф, воситаҳои мушоҳида, бастаҳои муоинаи воситаҳои нақлиёт ва давраҳои омӯзишӣ ва нигоҳубину таъмир мебошад, ки фаъолияти КДАМ-ро ҷиҳати мубориза бо қочоқи маводи ядроӣ дар саросари кишвар тақвият медиҳанд.
Ҳамчунин дар соли 2022 Дафтари кашф ва пешгирии қочоқи маводи ядроии Департаменти энергетикаи ИМА якҷоя бо Бюрои федералии тафтишоти ИМА барои тақвияти тафтишоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар вокуниш ба ҳодисаҳои қочоқи маводи ядроӣ давраҳои омӯзишии муштарак баргузор хоҳад кард.
«Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон дар самти мубориза бо маводи нашъаовар ва терроризм, бо мақсади таъмини амнияти марзҳои Тоҷикистон ва, ҳамзамон, мусоидат ба ҳаракати қонунии одамон ва молу маҳсулот ҳамкории наздик доранд. Бо доштани чунин иқтидори нави муҳим мо ҳамкориҳои худро барои мубориза бо қочоқи маводи ядроӣ ва радиоактивӣ боз ҳам густариш медиҳем”, – гуфт сафир Поммершайм.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.