Таҳти раёсати намояндаи савдои Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков 8 декабр вохӯрии кории намояндагони ширкати ҶДММ “ОМГ Строительно-дорожные машины”-и Русия ва корхонаи ҶДММ “Ремспецмаш”-и Тоҷикистон баргузор шуд.
Ҷонибҳо ҷиҳати пешбурди таҷҳизоти борбардориаш вазнин, коммуналӣ ва роҳсозии истеҳсоли Русия барои эҳтиёҷоти бахши давлатӣ ва хусусии Тоҷикистон ҳавасмандии мутақобилаи худро таъкид карданд.
Ба гуфтаи Коренков, дар таҳвили ин маҳсулот Чин пешсаф буда, аммо корхонаи Русия ба туфайли таносуби беҳтарини нарху сифати техникаи истеҳсолмешуда, барои рақобат дар бозори Тоҷикистон ҳамаи имконотро доро мебошад.
“Умедворам, ки ҳамкориҳои ҶДММ «Ремспецмаш» ва ҶДММ «ОМГ СДМ» дар самти ифтитоҳи маркази дилерӣ (намояндагӣ) марҳалаи нави ҳамкориҳои техникии Русия ва Тоҷикистон хоҳад гашт”, – таъкид доштааст Коренков.
Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки соли 2022 дар ҷумҳурӣ маркази расмии дилерӣ ва хидматрасонии ҶДММ “ОМГ СДМ”-и Русия боз шавад.
Дар дурнамои миёнамӯҳлат роҳандозии истеҳсолот дар дохили ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин дар навбати худ ҷамъу васли техникаро дар қаламрави Тоҷикистон зери аломати “Made in Tajikistan” дар назар дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.