spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Маҳкумшудаву ҷабрдида мегӯянд қотил каси дигарест, аммо ҳукми 23 соли Ҷумъазода бетағйир монд

Додгоҳи Олӣ шикояти касатсионии Ҷамшед Ҷумъазода як сокини ноҳияи Зафарободро, ки моҳи октябр барои куштори ҷавони ҳамсоя ва қасди куштори модари ӯ 23 сол равонаи зиндон шуда буд, бетағйир гузошт.

Зафар Азиззода, додраси Додгоҳи олӣ рӯзи 9-уми декабр, зимни баррасии шикояти касатсионӣ дар бинои Додгоҳи вилояти Суғд ҳукмии зинаи поёниро тағйир надод.

Аммо Ҷамшед Ҷумъазода дар сухани охиринаш гуфт, ҷиноят содир накардааст ва гуноҳро зери азобу шиканҷа ба гардан гирифтааст.

Моҳи октябри имсол Додгоҳи вилояти Суғд Ҷумъазодаро бо ҷурми   “одамкушӣ”, “сӯиқасд ба ҷиноят” ва “вайрон намудани дахлнопазирии манзил” 23 сол аз озодӣ маҳрум карда буд.  Ҷумъазода ин ҳукмро дар зиндони низомаш сахт адо мекунад.

Он вақт ҳам Ҷумъазода гуфта буд, ки “Ман худамро гунаҳкор намеҳисобам барои он, ки дар пайи азобу шиканҷа ва истифодаи барқ гуноҳро ба гардан гирифтам”.

Ин сокини ноҳияи Зафаробод дар куштори ҳамсояаш Беҳзод Давронбеков ва таҳдид ба ҷони модари 45-солаи ӯ гунаҳкор мешавад. Аммо Малоҳат Зиёева ҷониби ҷабрдида ва ягона шоҳиди ҳодиса ба гунаҳкор будани Ҷумъазода бовар надорад ва мегӯяд, писарашро ӯ накуштааст, балки қотил каси дигар аст. Маҳкумшуда ва ҷабрдида дар ҳамсоягӣ дар як  бино зиндагӣ мекунанд ва Зиёева низ мегӯяд, ҳамсояаш бегуноҳ аст. 

“Ҷавоне, ки маро зада буд, ба Ҷумъазода монанд набуд тамоман каси дигар аст ва ӯ дар озодист. Ман гунаҳкори асосӣ, нафари даст ба куштор задаро гуфта истодаам, барои чӣ ӯро дастгир намекунанд. Ман шоҳиди зинда ҳастам, номи ҷинояткорро гуфтам, чаро ӯро боздошт намекунанд як шахси бегуноҳро маҷбурӣ ҳабс карда истодаанд?”,-иддао дорад Зиёева.

Мақомоти милитсияи ноҳияи Зафаробод 11-уми ноябри соли 2020 ҷасади Беҳзод Давронбековро аз дохили ҳоҷатхона ва модари захмбардоштаи ӯ Малоҳат Зиёеваро аз даромадгоҳи хонаашон пайдо карданд. Тафтиш нишон додааст, ки ин ду нафар бо болға латукӯб шудаанд. Аммо ин фарзияро ҷабрдида Малоҳат Зиёева қабул надорад ва мегӯяд, ӯро на бо болға, балки бо табар зада буданд, ки дар тафтиш инро ба инобат нагирифтанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Вакили мудофеъи маҳкумшуда Сорбон Шоев, дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, онҳо аз болои ҳукми коллегияи судӣ шикояти назоратӣ менависанд зеро тафтишҳои қаблӣ ва ҳукм беасос ва ғайриқонунӣ содир шудааст.

“Ҷинояткор аз рӯйи нишондоди ҷабрдида Зиёева каси дигар аст. Ҳукми содиршуда ба ҳолатҳои кор мувофиқ нест. Ҷабрдида мегӯяд, ӯро бо табар заданд, аммо дар парванда болғаро ҳамчун далели тафтиши ҳодиса овардаанд. Мо бинобар беасос ва ғайриқононӣ будани ҳукми қаблан содиршуда шикояти назоратӣ менависем”,-мегӯяд вакили маҳкумшуда.   

Рӯзи 18-уми октябри имсол, ҳангоми қироати ҳукм додраси додгоҳи вилояти Суғд Анвар Абдуғаффорӣ гуфта буд, “ҳодиса ба талоши робитаи ҷинсӣ аз тарафи шахси кушташуда Беҳзод Давронбеков рабт дорад”. Аммо ҷониби гунаҳкор ва ҷабрдида ин фарзияро дуруст намеҳисобанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Ҷинояткор дар озодӣ аст”. Ҳукми ҷавоне, ки писарро кушту модарро захмӣ кард

Модари Ҷамшед Ҷумъазода, Меҳрӣ Холбоева аз аввал ба бегуноҳии писараш пофишорӣ мекунад ва мегӯяд, парванда тӯҳмат ва сохтакорона аст. Ӯ гуфт, “бегуноҳ писарамро 23 сол ҳабс карданд худи ҷабрдида ҳам гуфта истодааст, ки қотил ӯ нест.”

Ҷамшед Ҷумъазода 30 сола, оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст. Вай то замони боздошташ дар ноҳияи Зафаробод соҳибкорӣ мекард ва як коргоҳи истеҳсоли хишт дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...