Дар бархе аз ноҳияҳои ВМКБ шабакаи интернет дастрас шудааст, аммо дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии вилоят то кунун дастрасӣ ба интернет масдуд аст. Дар ин бора як манбаъи муътамад аз мақомоти давлатӣ дар Хоруғ ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ба гуфтаи ин манбаъ ҳоло интернет танҳо дар ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва Мурғоб дастрас асту халос.
Дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон ва Роштқалъаву Ишкошим то кунун шабакаи интернет фаъол нашудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, интернет дар қисме аз вилоят шаби 9 ба 10-уми декабр дастрас шудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомот пас аз тавофуқҳои ҳосилшуда дар гуфтушунидҳо бо намояндагони эътирозгарони рӯзҳои 25-27-уми ноябр ваъда дода буданд, ки тамоси интернетиро дар қаламрави вилоят барқарор мекунанд.
Дастрасӣ ба шабакаи интернет дар ВМКБ баъди сар задани эътирозҳо бар пайи кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа аз 25-уми ноябр ба сӯ дастнорас шуда буд.
Бо гузашти чанд рӯз пас аз ҳаводиси эътирозӣ интернети кабелӣ дар бархе бонкҳову ниҳодҳои Хоруғ дастрас гардид, вале мардум ба интернет, хусусан интернети мобилӣ дастрасӣ надоштанд.
Ин манбаъ мегӯяд, ки «ростӣ барои мо маълум нест, ки чаро то ҳол интернетро барқарор намекунанд. Чун, айни ҳол вазъият дар вилоят хуб буда, мардум ба зиндагии муқарари худ машғул ҳастанд».
Бо гузаштаи дуҳафта аз ваъдаи мақомот барои фаъол кардани дигарбораи интернет ва ҳамоно дастнорас будани он, номаҳои зиёди гуруҳие аз номи мардуми вилоят ба мақомоти Тоҷикистон ва ниҳодҳои байналмилалӣ фиристода шуд.
Дар ин мактубҳо бо ишора ба муқаррароти Созмони милали Муттаҳид мабнӣ бар ин ки ҳуқуқи дастрасӣ ба интернет яке аз ҷузъҳои муҳими ҳуқуқи инсон дар асри XXI аст, талаб мешуд, ки масдудияти интернет бардошта шавад.
Мақомоти расмии Тоҷикистон то кунун мавзуъи дастнорас будани интернет дар ВМКБ-ро шарҳ намедиҳанд.
Дар Хадамоти алоқа бошад вазъро ба “Азия-Плюс” шарҳ надоданд. Муовини аввали роҳбари Хадамот Илҳомҷон Атоев дар гуфтугӯи телефонӣ аз шарҳи ин масъала худдорӣ кард.
Дар мавриди ин ки ин шабу рӯзҳо дар Хоруғ чӣ гузашту мегузарад, дар сужаи мо бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.