Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Холаи Фотима, дарвозизане, ки бо раисҷумҳур “чақ-чақ” кард, 5 ҳазор сомонӣ ҷоиза озмуни “Фурӯғ...”-ро бурд - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Холаи Фотима, дарвозизане, ки бо раисҷумҳур “чақ-чақ” кард, 5 ҳазор сомонӣ ҷоиза озмуни “Фурӯғ…”-ро бурд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ба Фотима Сулаймоноваи 65-сола,  зани дарвозие, ки суҳбаташ дар моҳи октябр ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Дарвоз дар шабакаҳои иҷтимоӣ пурвокуниш шуд, дар даври ҷумҳурявии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ" 5000 сомонӣ ҷоиза додаанд.

Ин ҷоиза ба Фотима Сулаймонова, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи холаи Фотима маъмул шуд, аз номи президенти Тоҷикистон тақдим шудааст.

Дафтари матбуоти Вазорати маориф мегӯяд, ки дар баробари холаи Фотима ҳамчунин ба 39 нафар ширкаткунандаи фаъоли ин озмун низ аз номи раисҷумҳур 5000-сомонӣ ҳадя шудааст.  Ҳамчунин ба гуфтаи ин ниҳод ба 20 ширкаткунандаи фаъоли дигар низ 2000 сомонӣ аз сӯйи Вазорати маориф тақдим шудааст. 

Холаи Фотима дар бахши адабиёти муосир дар ин озмун довталаб буд, ки ҳарчанд ба гирифтани мақоме сазовор нашудааст, вале ҳамчун ширкаткунандаи фаъол 5000 сомонӣ ҷоиза бурдааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Холаи Фотима дар маросими ҷоизагирӣ

Ҳамчунин ба 21 нафар падару модари ғолибони озмун низ нишони “Маърифатпарвар” эҳдо шудааст.

Маросими ҷамъбастии озмун ва тақдими туҳфаҳо ба ғолибон соати 15:00 имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки холаи Фотима ҳангоми суханронӣ дар ҳузури раисҷумҳур дар Дарвоз ба коркардҳои Эмомалӣ Раҳмон баҳогузории баланд карда, ба шеваи маҳаллӣ гуфта буд, ки “Дшамбӣ сохти Париж шияст”  ва ҳамин тариқ чанд дақиқа бо расиҷумҳур сӯҳбатҳои шӯхиомез карда буд. Баъдан навори суханронии ӯ дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва ҳаводорони зиёд дошт.

МЕДИА (YOUTUBE)

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.