Бино ба маълумоти обуҳавошиносон рӯзҳои 17-18 декабри соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ҳушдор медиҳад, ки дар туман маъмулан ҳавои торик боиси коҳиши биниш мешавад, ҳаракати нақлиётро мушкил мекунад, эҳтимоли рух додани ҳодисаҳои нақлиётиро зиёд мекунад, садамаҳо эҳтимолан бештар рух медиҳанд.
Дар ҳамин иртибо КҲФ ба хотири рух надодани ҳодисаҳои нохуш ба шаҳрвандон ва ронандагон чунин тавсияҳо додааст:
– шахсони гирифтори бемориҳои дилу раг аз рафтан ба кӯчаву хиёбон худдорӣ кунанд;
– пиёдагардон бояд ҳангоми гузаштан аз чорроҳаҳо ва роҳҳо эҳтиёт кунанд;
– ронандагони воситаҳои нақлиётӣ ҷиддан қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро дар чунин вазъи обу ҳаво риоя намоянд, суръати ҳаракатро боло набаранд;
– мошингузарӣ, пойга омили хатар дар чунин ҳолатҳост;
– ҳангоми убур аз ҷорроҳаҳо, роҳҳои пиёдагузар оҳиста мошин ронед, хеле бадиққат бошед.
Телефони ягонаи наҷот 112, қисми навбатдории КҲФ: 93 880 28 19, 223 13 11.
Дар ҳоли рух додани ягон ҳодисаи нохӯш ё мушкили дигар дар роҳҳо метавонед занг занед ва ба ёрӣ даъват намоед!
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.