Нахустин нашри ток-шоуи «Рости гап» ба муҳоҷирати ҷавонони тоҷик ба берун аз кишвар бахшида шудааст.
Чаро ҷавонон Тоҷикистонро тарк мекунанд? Ин хуб аст ё бад? Чӣ бояд кард, то мутахассисони ҷавон пас аз таҳсил дар хориҷа ба ватан баргарданд? Мо дар як сӯҳбат бо коршиносон ва рӯзноманигорон ин масъалаҳоро баррасӣ кардем.
Гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» лоиҳаи нав – силсилаи ток-шоуҳоро бо номи «Рости гап» оғоз мекунад, ки дар он коршиносон ва иштирокчиёни барнома мавзӯъҳои рӯзмарраи ҷавонони тоҷик ва тамоми ҷомеаи моро баррасӣ мекунанд. Гардонанда (модератор) – рӯзноманигор ва ровии маъруф Орзу Исоев хоҳад буд.
Нашрҳо ҳар моҳ дар YouTube-канали Asia-Plus TV ва дар сомонаи мо нашр мешаванд.
Нахустин ток-шоуи «Рости гап» ба мушкилоти муҳоҷирати ҷавонон ва "фирори мағзҳо" аз кишвари мо бахшида шудааст.
Муҳоҷират имрӯз барои бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба як тамоюли ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Ҷавонон ба хориҷа барои таҳсили хуб ва ё пайдо кардани ҷойҳои кории сердаромад мераванд. Бархе аз беадолатии иҷтимоӣ ё набудани дурнамои рушд ба сарзамини бегона мекӯчанд. Ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон паси дарвозаи сафорати Русия барои дарёфти “роҳхат” дар доираи Барномаи кӯмак ба кӯчи ҳамватанон ба Русия навбат мепоянд. Дигарон ҳуҷҷатҳо барои лотереяи Green Card-ро барои сафар ба Амрико пур мекунанд.
Бале, ин як тамоюли умумӣ дар ҷаҳони муосир аст, аммо агар он бо чунин суръат идома ёбад, оё дар натиҷа мо аз табибони хуб, омӯзгорон, муҳандисон, барномасозон маҳрум намешавем? Давлат ва соҳибкорон баҳри ташвиқи ҷавонон барои ба ватан баргаштан ва дар ин ҷо худро дарк кардан чӣ кор мекунанд?
Дар нахустин ток-шоу Усмонҷон Миралиев – раҳбари “Алиф Технология”, Фаррух Умаров – раҳбари стартапи “Илмхона”, Шоҳхусрав Аюбзода – раҳбари Маҳфили “Ҷавононе, ки дар хориҷ аз кишвар таҳсил мекунанд”, корманди Кумитаи ҷавонон ва варзиш ба ҳайси коршиносон иштирок карданд.
Ҳамчунин рӯзноманигорони ҷавон ва донишҷӯёни макотиби олии пойтахт низ ширкат варзиданд.
Дар рафти мубоҳиса коршиносон ва рӯзноманигорон кӯшиш карданд, ки ин масъалаҳоро муҳокима кунанд. Суҳбат ҳаячонбахш гузашт ва иштирокчиён на ба ҳамаи саволхо ҷавоб ёфта тавонистанд. Мавзӯъ пурмуҳтаво ва мураккаб аст. Вале мо боварӣ дорем, ки дар ин бора ба таври оммавӣ сухан рондан лозим аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.