Милитсияи шаҳри Душанбе мардонеро, ки ба лату кӯби ду духтари ноболиғ гумонбар дониста мешаванд, боздошт намуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Дар ҳамин ҳол, манбаъ аз ифшои ҷузъиёти воқеа худдорӣ намуд. “Аз ҳамаи ҷузъиёти ҳодиса пас аз тафтишот хабар медиҳем", – гуфтанд дар Раёсат.
Қобили зикр аст, ки модари яке аз духтарон – Шаҳноз Комилзода дар саҳифаи худ дар Facebook хабар дод, ки духтараш Мумтоз ва дугонаашро се мард мавриди лату кӯб қарор додаанд.
Ҳодиса рӯзи 19 декабр соати 15:00 дар маркази пойтахт, назди дармонгоҳ (поликлиникаи 1, каме дуртар аз Хадамоти раводиду бақайдгирӣ (ОВИР) ба вуқӯъ пайвастааст.
Комилзода навиштааст, имрӯз соати 3-и рӯз дар маркази шаҳри Душанбе 3 нафар ба 2 духтари 15 сола, ки якеаш духтари ман буд дастдарозӣ, дашном ва лату кӯб мекунанд.
“Ба аъзои бадани духтарам даст мерасонад, духтарам кушиш мекунад дастони ин ҳайвонро аз баданаш дур кунад, баъд телефонашро аз дасташ зада мегирад ва дашномаш мекунад”, – навиштааст ӯ.
Гуфта мешавад, вақте ки духтарон барои гирифтани сумкаю телефонҳояшон талош мекунанд, дугонаи духтарро ба замин афтонда бо шата ба сару рӯю шикамаш мезананд ва телефонро ба замин партофта мешикананд.
“Роҳгузарон ҳамаи ин ҳолатро дида ором гузашта мераванд. Ва ҳатто духтарҳоро таънаю маломат мекунанд, ки "Дар хонаҳотон шинен чо мекуна…”, – иброз доштааст модари духтар.
Зикр мегардад, ки ҳолати равонии духтарҳо бисёр бад буда, зарбаи шадиди равониву ҷисмонӣ гирифтаанд.
Рӯзноманигори тоҷик Зулфия Голубева намогирифт (скринҳо)-и навиштаҳои духтаронро гузоштааст. Дар онҳо гуфта мешавад, вақте ки ӯро 7-8 дақиқа мезананду аз биниаш хун меояд ва лабаш мекафад, се нафар мард назди онҳо меоянд ва онҳоро меронанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.